Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як шифохонаи Душанбе 319 нафар бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд.ВИДЕО


Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони "Советӣ Як") дар Душанбе 319 нафар бо гумони бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуданд. Ба иттилои мақомот, то имрӯз 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд.

"Як гуруҳи дигар барои рухсат шудан аз бемористон омодагӣ мегиранд ва ҳашт нафар дар шуъбаи эҳё ҳастанд", - мегӯяд Хуршед Рустамзода, мудири Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов. Вай рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ин бештар ҷузъиёт надод.

Пас аз фавти чанд нафар, ки ба гуфтаи мақомот сабабаш илтиҳоби шуш ё пневмония аст, сарусадо дар атрофи номи Маркази тиббии рақами яки Душанбе ба номи Карим Аҳмадов зиёд шудааст.

Марги 11 нафар аз илтиҳоби шуш дар як бемористони Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим

Рӯзи 27-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ барои аз наздик дидани вазъият ба бемористони “Советӣ Як” рафтанд. Дар онҷо нафарони зиёде барои хабаргирии наздиконашон омада буданд. Кормандони милиса дар назди дар истода, касеро ба дарун роҳ намедонанд. Ғизо ва дорувории овардаи наздиконро ҳамшираҳои шафқат ба беморон мерасонанд.

Шифохонаи "Якум Советский"-и Душанбе дар чӣ ҳол аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Муҳиддин Қурбонов, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, модари 63-солаашро ҳафтаи гузашта бо таби баланд ба ин беморхона оварданд. “Табибон бемории модарамро илтиҳоби шуш гуфтанд. Бо телефон гап мезанем, аммо даромадан намемонанд. Нагуфтанд, ки кай ҷавоб медиҳанд”, – афзуд Қурбонов.

Дар ин миён беморони дигаре, ки барои табобат ва ё машварат бо пизишкон ба бемористон меомаданд, аз паси дар гардонда мешуданд.

Холбибӣ Исмоилова, сокини Душанбе мегӯяд, пештар чанд дафъа бо фишорбаландӣ ва бемории қанд дар ин беморхона бистарӣ шудааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, 27-уми апрел дар Маркази тиббии рақами 1 ӯро қабул накарда, гуфтаанд, ба дигар беморхона равад.

Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов. 27-уми апрели 2020
Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов. 27-уми апрели 2020

Тибқи иттилои масъулони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе то имрӯз дар пойтахт Марказии тиббии рақами як, “Клиникаи Мансуров”, беморхонаи сироятии кӯдакона ва ду бинои беморхонаи “Истиқлол” карантин шуда, асосан нафаронеро қабул мекунанд, ки бо таби баланд оварда мешаванд. Ба ҷуз аз ин, толори варзишии “Манеж”-ро низ ҳамчун беморхонаи муваққатӣ омода мекунанд.

Рӯзи 27-уми апрел дар назди ин маҷмааи варзишӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятиро диданд, ки аз мошине катҳоро барои беморон берун мекарданд. Дар чанд аксе, ки аз дохили маҷмааи “Манеж” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, дида мешавад, аллакай катҳо барои беморон гузошта шудааст.

Аммо танҳо сокинони Душанбе нестанд, ки ба гуфтаи мақомот аз илтиҳоби шуш мевафтанд. Аз оғози моҳ ҳадди ақал панҷ сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд низ аз пневмония фавтидаанд.

Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов дар Душанбе. 27-уми апрели 2020
Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов дар Душанбе. 27-уми апрели 2020


Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз фавти ашхоси мубтало ба пневмония «воҳима кардан дуруст нест, чун солҳои қаблӣ низ маргумири шаҳрвандон аз беморӣ дар Тоҷикистон ҷой дошт».

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ, дар се моҳи аввали соли равон 5023 нафар дар Тоҷикистон бемори илтиҳоби шуш шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 ҳолат камтар будааст. Вале мақомот дар бораи беморони илтиҳоби шуш дар моҳи апрел чизе нагуфтаанд.

Марги пайиҳами чанд нафар аз пневмония ва дафни онҳо зери чораҳои сахт шубҳаҳоро бештар кардааст, ки мақомоти тоҷик воқеиятро дар бораи бемории ҳамагири КОВИД-19 ба шакли комил баён намедоранд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар ягон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG