Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони сахт дар Узбекистон як нафарро кушт ва 30 касро захмӣ кард. ВИДЕО


Дар Бухоро бар асари бодҳои шадиду решаканшавии дарахтҳо як нафар ҷон дода даҳҳо нафар осеб дид
Дар Бухоро бар асари бодҳои шадиду решаканшавии дарахтҳо як нафар ҷон дода даҳҳо нафар осеб дид

Дар паи бодҳои пуршиддате, ки вилояти Бухорои Узбекистонро фаро гирифту дарахҳоро решакан кард, дасти кам як нафар ҷон дода сӣ тан осеб диданд.

Мақомоти беҳдошти минтақавӣ рӯзи 28 апрел гуфтанд, бодҳои шабонгоҳӣ тахминан чор соат вазида, чандин қаламравро дар манотиқи ҷанубӣ осеб расониданд ва хатҳои барқу лӯлаҳои гази 140 хонаводаро хароб карданд.

Маркази метеорологияи давлатӣ гуфт, ки суръати бод то 90 км/соат мерасид.

Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ хабар дод, ки бодҳои шадид дар манотиқи дигари ҷанубии мисли Самарқанд, Навоӣ ва Қашқадарё мушоҳида шуд. Вазорат гуфт, ки комиссияи тоза таъсисшуда хисороти воридшударо таҳқиқ мекунад ва гурӯҳҳои наҷот дар манотиқи осебдида кор мебаранд.

Дар Туркманистони ҳамсоя ҳам бодҳои шадид дар вилояти шарқии Туркманобод хисорот ворид кардааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз манотиқи осебдида гузориш доданд, ки бодҳову боронҳои пуршиддат бомҳои хонаҳоро хароб карда дарахтҳоро решакан карданд. Иттилои расмӣ дар бораи ҳаҷми молии хисороти ворида нашр намешавад.

XS
SM
MD
LG