Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфи назар аз коронавирус тиҷорати хориҷии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Мақомоти тоҷик мегӯянд, сарфи назар аз паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали имсол зиёд шудааст.

Тибқи омори Хадамоти гумрук, додугирифти хориҷии Тоҷикистон аз моҳи январ то апрел ба як миллиарду 23 миллион доллар расидааст. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳашт дарсад бештар мебошад.

Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол дар ҳаҷми қариб 204 миллион доллар маҳсулот содир карда, аз хориҷ бо маблағи қариб 820 миллион доллар маҳсулот ворид кардааст. Мақомот мегӯянд, содирот 13 фоиз кам ва баръакс воридот 15 дарсад бештар шудааст.

Дар Хадамоти гумрук рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар воридоту содироти маҳсулот ба кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст.

Тоҷикистон аз камтарин кишварҳои ҷаҳон аст, ки ба гуфтаи мақомот сирояти коронавирус дар он ба қайд гирифта нашудааст. Аммо мақомот мегӯянд, паҳншавии бемории КОВИД 19 дар минтақа ба иқтисоди кишвар бетаъсир нахоҳад буд. Ба ин хотир Тоҷикистон барои коҳиши паёмадҳоии иқтисодии коронавирус то имрӯз аз чанд созмони молии ҷаҳонӣ кӯмак гирифтааст.

XS
SM
MD
LG