Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатпоиҳои тӯлонӣ пайвандони зиндониёнро нигарон кардааст. ВИДЕО


Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе.
Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе.

Пайвандони бархе аз маҳбусон мегӯянд, рӯзҳои ахир навбатпоиву интизориҳо барои интиқоли ғизо бо фарзандони зиндонияшон тӯлонитар шудааст. Мақомот бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус сар аз 31-уми март мулоқоти маҳбусон бо наздиконашонро муваққатан манъ намуданд.

Волидони баъзе маҳбусон гуфтанд, чунин тасмими мақомотро дарк мекунанд, вале ин шабу рӯз, ки сӯҳбатҳо аз хатари эҳтимолии сирояти COVID-19 садо медиҳад, мехоҳанд бештар мутаваҷҷеҳӣ фарзандон бошанд ва зуд-зуд ба онҳо хӯрок расонанд. Аммо ба қавли онҳо, гоҳе барои расонидани ғизо соатҳо назди зиндонҳо мунтазир мемонанд.

Масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия мегӯянд, гоҳе шумораи зиёди сокинон барои интиқоли ғизо ба наздиконашон меоянд ва шояд тартибу расмиёти дохили муассиса баъзан вақтро мегирад. Раҳбарияти ин ниҳод таъкид намуд, дар маҷмӯъ барои рафъи чунин камбудиҳо чораҷӯӣ сурат мегирад.

Оиша Содиқова, модари як маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе субҳи 21-уми апрел барои дастрас намудани ғизо ба писараш ба пойтахт омада буд. Ин зан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз як соати интизорӣ навбаташ расид ва баъди интиқоли хурок, се соати дигар мунтазир монд, то посухи фарзандашро дарёбад, ки ғизоро дастрас намудааст ё на. "Ҳоло аз он тараф бо дастхаташ ҷавоб навишт, ки "раҳмати калон очаҷон, ман ҳамаашро гирифтам".

Хонум Содиқова афзуд, рӯзҳои ахир навбатпоии наздикони маҳбусон дар ин ҷо бештар шудааст. Ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, бори охир 2-юми октябри соли гузашта бо писараш мулоқот доштааст, аммо дидори навбатияш, ки бояд 2-юми апрел анҷом мешуд, бо далели манъи муваққатии вохӯриҳо, сурат нагирифт.

Нигаронии хешу табор аз манъи мулоқот бо маҳбусони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Тибқи муқаррарот, барои зиндониён вобаста ба низоми адои ҷазояшон вақти муайяни мулоқотҳои кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат пешбинӣ шудааст. Масъулони маҳбасҳо гуфтанд, барои интиқоли ғизо рӯзҳои алоҳида ё маҳдудияте пешбинӣ нашудааст. Оиша Содиқова мегӯяд, ба далели дур будани маҳалли зисташ аз зиндон, ҳар даҳ рӯз пас як бор ғизо меорад.

"Ба ҳаминаш шукр, ки хурокашро қабул мекунанд. Мулоқотҳоро муваққатан манъ намуданд, мо инро дарк мекунем, лекин илтимос мекунем, ҳоло, ки то рафъи хатари эҳтимолии сиряти вирус мулоқот карда намешавад, шароите фароҳам шавад то тариқи телефон суҳбат кунем, аз ҳоли фарзандамон бохабар шавем".

Оиша Содиқова ягона нафаре нест, ки мехоҳад ин рӯзҳо дар бораи вазъи саломатии фарзандаш бештар иттилоъ дошта бошаду бидуни навбатпоии зиёд ба ӯ ғизо интиқол диҳад, Сайлигул Маҳмадназарова, модари маҳбуси дигар дар зиндони маъруф ба "Кирпичный"-и шаҳри Ваҳдат низ мегӯяд, бо навбатпоӣ ба фарзандаш хурок мерасонад ва зиёд мехоҳад аз забони писраш шунавад, ки чӣ ҳол дорад.

Файзи Олӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бо манъи мулоқоти маҳбусон бо пайвандонашон, мақомот бояд масъалаи хизматрасониро барои дастрас кардани ғизо беҳтар намоянд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то дубора бекор шудани қарори манъи мулоқотҳо, масъулон бояд чораҳое рӯи даст гиранд, то сокинон аз аҳволи наздикони зиндонияшон бохабар шаванд. Ӯ ташкили сӯҳбатҳои телефониро яке аз роҳҳои мусоиди аз аҳволи ҳам огоҳ шудани маҳбусону хонаводаҳояшон номид.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъдӣ манъи муваққатии мулоқотҳо, ба муассисаҳои ислоҳӣ дастур додааст, ки телефонҳои хизматӣ бояд фаъол бошанд, то маҳбусон бо хонаводаҳои худ ҳамеша имкони сӯҳбат кардан дошта бошанд.

Ӯ таъкид намуд, дар ҳар як маҳбас то 15-20 телефони хизматӣ насб кардаанд ва маҳбусон метавонанд тибқи тартиботи дохилӣ ба навбат бо хонаводаҳояшон ҳамсӯҳбат шаванд.

Умаров афзуд, ки ӯ низ баъзе нигарониҳоеро аз навбатпоии наздикони маҳбусон барои расонидани ғизо аз тариқи интернет дарёфт кардааст ва эътироф мекунанд, ки чунин камбуд то ҷое вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, барои пешгирӣ аз воридоти баъзе чизҳои манъшуда ба маҳбас, ташхиси ғизои пайвандони маҳбусон сурат мегирад ва ин дар рӯзҳое одам зиёд меояд, шояд чунин талабот вақтро гирад: "Супориш додем, гурӯҳҳо ташкил шудаанд, барои рафъи камбудиҳо месанҷанд, чораандешӣ меунанд",-афзуд ӯ.

Мақомот дар ҳоле вохӯрии зиндониён бо наздиконашонро манъ намудаанд, ки дар бархе аз кишварҳо барои пешгирӣ аз коронавирус маҳбусонро муваққатан ба хона ҷавоб доданд. Мансурҷон Умаров гуфт, дар маҳбасҳо тамоми чораҳои беҳдоштиро барои пешгирӣ аз эҳтимоли сиряти вирус андешидаанд, вале айни ҳол масъалаи афв ё ҷавоб додани маҳбусон дар миён нест.

Дар Тоҷикистон то ба ҳол хуруҷи коронавирус, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз ин, чораҳои пешгирикунанда тақвият бахшида шудааст.

Ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳоло шумораи маҳбусон дар маҳбасҳои кишвар беш аз 10 ҳазорро ташкил медиҳад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG