Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ таҳдиди Рамазон Қодировро "тамоюли хатарнок" номид


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мегӯяд, таҳдиди раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба хабарнигори ин расона як бахши "тамоюли хатарнок" аст.

Дар пайи таҳдиди ошкорои Қодиров ба Аслан Дукаев, раиси бахши Қафқози Шимолии Радиои Озодӣ, ин расона аз мақомоти Русия даъват кард, ки амнияти журналистон ва наздикони онҳоро дар Чеченистон таъмин кунанд.

Рамазон Қодиров замоне ки матлаби чолишбарангези РАО/РО дар бораи сиёсати кишоварзии мақомоти чечен дар замони коронавирусро баррасӣ мекард, Дукаевро таҳдид намуд.

Дар як навори видеоие, ки рӯзи 1-уми апрел дар YouTube нашр шуд, Қодиров бо истифода аз алфози қабеҳ бо ишора ба исми муаллифи матлаб таҳдид кард, ки ӯро шадидан "муҷозот мекунад".

Қодиров дар ин видео ҳамчунин таҳдид кард, ки Дукаевро "ба замин нишонда", ӯро маҷбур мекунад "хазида аз мардумаш узр пурсад".

Президенти РАО/РО Ҷеймӣ Флай дар изҳороте рӯзи 21-уми апрел гуфт, "таҳдидҳои мустақими раҳбарони минтақавӣ ба журналистон ва таҳдиди ахир ба журналисти РАО/РО Аслан Дукаев дар замоне ки хонандаҳои мо назар ба ҳар вақти дигар бештар ба хабару иттилооти объективӣ эҳтиёҷ доранд, як тамоюли хатарнок мебошад".

Ӯ афзуд,"бо вуҷуди таҳдид ба ҷони журналистон дар минтақа, РАО/РО мардуми Чеченистон ва дигар нуқоти Қафқози Шимолиро бо гузоришҳои қобили эътимод таъмин кардааст... Мақомоти Русия бояд ӯҳдадориҳои худро дар амри таъмини амнияту бехатарии журналистон ва хонаводаҳои онҳо, аз ҷумла афроде ба мисли Аслан иҷро бикунанд, ки барои мардуми Чеченистон чунин хадамоти муҳимро анҷом медиҳанд".

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, Рамазон Қодиров соли 2007, замони сари кор омаданаш, бо тадбирҳои саркӯбгарона фазои беҷазоӣ барои нирӯҳои амниятӣ дар минтақаро фароҳам кардааст. Ин гурӯҳҳо мегӯянд, маҳз Қодиров барои хушунат ва таҳдиди мухолифони сиёсии мақомоти Чеченистон, аз ҷумла одамрабоӣ, шиканҷа ва кушторҳои худсарона масъулият дорад.

Мунтақидони Кремлин мегӯянд, ки президенти Русия Владимир Путин ба қонуншиканиҳо дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ чашм мепӯшад, чунки баъди ду ҷанги Чеченистон ба зидди ҷудоиталабон ва муқовиматҳои хушунатбор бо исломгароён дар ин минтақаи аксар мусалмоннишин маҳз номзадии Қодирови собиқ пешвои гурӯҳи шӯришӣ барои назорат аз вазъи минтақа барои Маскав муносиб мебошад.

Ҳафтаи гузашта нашрияи мустақили "Независимая газета" маҷбур шуд мақолаеро, ки тарзи кору бархӯрди мақомот дар замони коронавирусро интиқод мекунад, ҳазф кунад. Ин дастур аз ҷониби ниҳоди танзимгари матбуоти Русия "Роскомнадзор" содир шуд.

Қарор баъди он содир шуд, ки Рамазон Қодиров мақоларо "сафсата" хонд ва муаллиф Елена Милашинаро таҳдид кард. Ин журналист бо мақолаҳои таҳқиқотиаш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Чеченистон маъруф аст.

Созмони Human Rights Watch рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки мақомоти Русия бояд ин таҳдидро "ҷиддӣ бигиранд" ва амнияти Милашинаро таъмин бикунанд.

Таня Локшина, раиси дафтари ин созмон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, "бархӯрди таҳқиромези Кремлин ба чунин як таҳдиди ҷиддӣ нисбат ба "Новая газета" ғайри қобили қабул ва хатарнок аст".

Вай афзуд, "аз Қодиров як ишора даркор ва ин чиз барои мақомоти чечен барои амалӣ кардани таҳдидҳои онҳо мисли чароғи сабз мебошад". Милашина аз соли 2017 баъди нашри мақолаҳо дар бораи сиёсати Чеченистон бар зидди аққалиятҳои ҷинсӣ мавриди ҳадафи таҳдидомези мақомоти чечен қарор гирифтааст.

Феврали соли 2020 гурӯҳи ҳамлагаре Милашина ва ҳомии ҳуқуқи инсон Марина Дубровинаро дар шаҳри Грозний латту кӯб карданд.

Бахши Қафқози Шимолии РАО/РО яке аз ангуштшумор расонаҳои мустақил аст, ки дар бораи Чеченистон ва дигар гӯшаҳои Қафқози Шимолӣ гузориш медиҳад.

XS
SM
MD
LG