Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 4 ҳазор нафарро аз вилояти Харков кӯчондаанд


Харков, акс аз 10-уми майи соли 2024
Харков, акс аз 10-уми майи соли 2024

Олег Синегубов, раиси идораи низомии вилояти Харков, рӯзи 12-уми май гуфт, ки аз ин минтақаи Украина зиёда аз 4 ҳазор нафарро берун бурданд.

Тайи як ҳафтаи охир дар онҷо даргирӣ миёни нерӯҳои Украина ва Русия сахттар шудааст.

Бар асари тирпаронӣ дар шаҳри Волчанск, дар шимоли Харков, субҳи якшанбеи 12-уми май як кас кушта шуд.

Дар ҳамин рӯз аз зери вайронаҳои биное, ки бар асари ҳамлаи ҳавоӣ чаппа шуд, ҷасади як занро ёфтанд.

Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Волчанск ва минтақаҳои дигари вилояти Харков аз рӯзи 10-уми май шиддат гирифтааст.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина тасдиқ кард, ки даргириҳо дар вилояти Харков ҷараён доранд, аммо ҷузъиёти онро фош накард.

XS
SM
MD
LG