Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти узбек гуфтанд, дар кишвар камбуди пули нақд эҳсос нахоҳад шуд


Пули миллии Узбекистон.
Пули миллии Узбекистон.

Мамаризо Нурмуратов, раиси Бонки марказии Узбекистон гуфт, чанде пеш ба кишвараш аз ИМА 200 миллион доллари нақд ворид шудааст. Ба ин далел, ба гуфтаи вай, дар Узбекистон камбуди асъори нақдӣ эҳсос нахоҳад шуд.

Нурмуратов афзуд, бонкҳои тиҷорӣ то оғози моҳи апрел ба Бонки марказӣ барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ муроҷиат накардаанд. Раиси Бонки марказии Узбекистон камчинии асъори хориҷиро дар бонкҳои тиҷорӣ ноуҳдабароии бонкҳо унвон кард.

"Ҳарчанд ин сирри хидматист, вале ошкор мекунам, ки то 5 май мо 400 миллион доллари дигар ворид хоҳем кард. Мо аз қабл талаботи бонкҳоро ба инобат мегирем, ки ба чи қадар доллар ниёз доранд ва дар асоси фармоиши онҳо асъори хориҷӣ ворид мекунем",-гуфт раиси Бонки марказии Узбекистон.

XS
SM
MD
LG