Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон дар пасманзари коронавирус мавсими футбол шурӯъ шуд 


Тамошобинон дар варзишгоҳи Ишқобод бозии нахустини рақобатҳои миллии футболро мушоҳида мекунанд
Тамошобинон дар варзишгоҳи Ишқобод бозии нахустини рақобатҳои миллии футболро мушоҳида мекунанд

Бо ин ки тамоми ҷаҳон бо пандемияи коронавирус дастбагиребон аст, дар як варзишгоҳи Ишқободи Туркманистон чандсад тамошобин барои тамошои рақобати футболи миллӣ таҷаммӯъ карданд. Баъди як моҳи боздошта шудани рақобатҳо, рӯзи 19 апрел рақобатҳои ҳашт дастаи миллӣ аз бозии тимҳои Олтин Асир ва Капетдоғ шурӯъ шуд. Вазорати варзиш гуфт, ки ин тасмимро ҳаводорони футбол ва худи бозигарон хуш пазируфтанд. Туркманистон расман вуҷуди ҳеҷ як ҳодисаи мубталошавии сокинон ба коронавирусро эътироф намекунад ва сафорати ИМА дар Ишқобод ҳам рӯзи 16 апрел гуфт, ки “агар ҳам чунин ҳодисаҳо тасдиқ шаванд, мақомот ба эътирофи ин ҳодисаҳо майл надоранд”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумат бидуни эълон ваё шарҳи расмӣ дар матбуот рӯзи 20 март пойтахт – шаҳри Ишқободро масдуд кард. Хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Ишқобод мегӯянд, ки шурӯъ аз охири моҳи март ҳар касе, ки дар ҷомеа ба таври озод дар бораи коронавирус сӯҳбат мекунад, аз ҷониби маъмурони либоси мулкипӯш боздошт мешаванд.

XS
SM
MD
LG