Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Раҳмон аз коронавирус гуфтанд, аз андозу патенти муҳоҷирон чӣ?


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия. Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони Тоҷикистону Русия дар суҳбати телефонӣ густариши КОВИД-19 ва вазъиятеро, ки ин бемории ҳамагир ба вуҷуд овардааст, баррасӣ кардаанд. Дар Русия беш аз 24 ҳазор нафар ба коронавирус гирифторанд. Дар Тоҷикистон расман ягон ҳолати мубтало шудани сокинон ба ин беморӣ сабт нашудааст.

Кремлин хабар дод, ки суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо дархости ҷониби Тоҷикистон 15-уми апрел сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, раисҷумҳур Раҳмон ба Путин барои кумаки башардӯстона, аз ҷумла тестҳо ва дигар лавозимоти тиббӣ дар даврони, ба гуфтаи ӯ, барои ҳама душвор ибрози сипос кардааст.

Русия чанде пеш ба Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор тест ва ё маводи ташхиси коронавирус дод.

Раҳбарони Тоҷикистону Русия дар ин суҳбат масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла додугирифти молро баррасӣ кардаанд. Сипас, раисҷумҳури Тоҷикистон тасмими Русияро, ки ба муҳоҷирони корӣ барои тамдиди муҳлати будубошашон дар дохили ин кишвар иҷоза дод, мусбат арзёбӣ намудааст.

Пештар шаҳрвандони Тоҷикистон баъди ҳар се моҳ маҷбур буданд, марзи Русияро гузашта, дубора вориди он кишвар шаванд. Ҳоло бинобар баста будани марзҳо, мақомоти Русия гуфтанд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд бе гузаштани сарҳад санадҳои будубоши худро дароз намоянд.

Аммо муҳоҷирони тоҷик ин шабу рӯз бештар аз он нигаронанд, ки Русия пардохти пули патенту андози онҳоро муваққатан таътил накарда, дар замони бекорӣ дар шароити мушкил гузоштааст.

Аз рӯи хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон маълум мешавад, ки ин масъала матраҳ нашудааст. Ҷониби Русия низ дар ин бора ҳеч хабар надодааст.

Дар Русия тақрибан як миллион аҳолии Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва дар шароити коронавирус дар он кишвар бе ҷойи кору маблағ мондаанд.

Соли гузашта муҳоҷирон ба кишвар тақрибан 2 миллиарду 600 миллион доллар фиристода буданд, аммо аз ҳоло коршиносон тахмин мезананд, ки ба сабаби коронавирус даромади муҳоҷирон имсол хеле кам хоҳад шуд ва ҳамин тавр маблағи интиқолии онҳо ба Тоҷикистон низ коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG