Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: "Дар Белорус ягон кас аз коронавирус намурдааст ва намемурад"


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус дар байн.
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус дар байн.

Президенти Белорус Александр Лукашенко мегӯяд, дар ин кишвар касе аз коронавирус нафавтидааст ва нахоҳад фавтид. Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Белорус аз гирифтории 2919 нафар ба COVID-19 хабар дода, ин беморӣ 29 касро ба ҳалокат расондааст.

Вале Лукашенко гуфт, ин 29 нафари ҳалокшуда на аз коронавирус, балки аз бемориҳои дигари дарозмуддат, аз ҷумла касалии дил ва қанд ҷон бохтаанд.

"Коронавирус ин ҳамон фазое аст, ки дар он бемориҳои дердавом авҷ мегиранд", - афзудааст президенти Белорус.

"Биноан, мегӯям, ки ҳатто як нафар ҳам соф аз коронавирус намурдааст", - гуфт Лукашенко.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Белорус бо назардошти таҷрибаи Чин, Амрико ва Аврупо аллакай роҳи ҳалли ин мушкил ва доруро барои наҷоти одамон пайдо кардаанд. "Агар худи бемор даст накашад, ҳатман шифо хоҳад ёфт", - изҳор доштааст ӯ.

Изҳороти раҳбари Белорус дар ҳоле садо медиҳад, ки намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Минск аз ҳукумати Лукашенко тақозо кард, аз ҳоло пеши роҳи паҳн шудани бемориро гирад, дар акси ҳол бо "густариши босуръати сироят" рӯбарӯ хоҳад гашт.

Пештар низ Лукашенко паҳн шудани коронавирусро рад карда, гуфта буд, беҳтарин доруи зидди коронавирус рондани трактор дар саҳро аст ва эъломи карантинро ҳамчун чораи пешгирӣ аз паҳн шудани вирус танқид карда буд.

"Маҳкам кардани мардум дар хонаҳои пӯсида ин роҳи ҳал нест. Баръакс, ҳангоми доштани бемориҳои роҳи нафас бояд ба кӯча баромада, нафаси тоза кашид", - илова кард Лукашенко.

Роҳи пешгирифтаи Белорус аз ҳамаи кишварҳои ҳамсояш фарқ мекунад, ки карантини пурра ё нима эълон карда, равуои мардумро маҳдуд намудаанд. Аммо Белорус сарҳадҳояшро кушода боқӣ гузошта, бозиҳои футбол дар ин кишвар бо ширкати ҳазорон нафар аз мухлисон баргузор мешаванд. Калисоҳо низ бозанд ва 19-уми апрел дар онҳо бо ширкати зиёди мардум Иди Пок баргузор мешавад.

Аммо ба фарқ аз президенти кишвар Вазорати тандурустии Белорус аз шаҳрвандон хостааст, эҳтиёт ва аз ҳамдигар дур буданро риоя кунанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Белорус, то 13-уми апрел дар ин кишвар 29 кас аз коронавирус ҷон бохта, шумори умумии мубталоён наздики 3 ҳазор нафар аст.

Патрик Оконнор, раиси намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Минск рӯзи 11-уми апрел гуфт, "далелҳое дар даст дорад, ки шумораи беморон дар Белорус дар ҳоли афзоиши босуръат аст".

"Ҳар ду ё се рӯз шумораи беморон ду баробар бештар мешавад ва ин нишон медиҳад, ки вирус аз одамони олуда ба одамон дигар мегузарад", - гуфт Оконнор ба хабарнигорон дар Минск.

"Чунин вазъият чораҳои нави эҳтиётиро талаб мекунад", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG