Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орас Амирӣ муваққатан аз зиндон озод шуд


Орас Амирӣ ду сол пеш, замоне, ки ба Эрон ба дидани модараш рафт, боздошт ва бо ҷурми ҷосусӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд
Орас Амирӣ ду сол пеш, замоне, ки ба Эрон ба дидани модараш рафт, боздошт ва бо ҷурми ҷосусӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд

Созмони Amnesty International рӯзи 9 апрел гуфт, ки мақомоти Эрон Орас Амириро муваққатан аз зиндон озод карданд. Дар изҳороти созмон омадааст, ки “Орас Амирӣ, сокини Бритониё ва Лондон аз соли 2018 ба ин сӯ ба таври ғайриодилона дар зиндони Эвини Теҳрон ҳамроҳ бо Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф нигаҳдорӣ мешуд ва ахиран муваққатӣ ба озодӣ баромад”. Раҳбари шӯрои мудирони Афви байнулмилал Дарен Наир гуфт, ки мақомоти эронӣ бояд ӯро озод кунанд, то ин ки ба Лондон назди дӯстписараш баргардад.

Августи соли 2019 Додгоҳи олии Эрон ҳукми 10 соли зиндони Амириро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ бо кораш дар Шӯрои Бритониё дар Лондон ба ҷосусӣ машғул буд. Амирӣ марти соли 2018 замоне, ки барои дидани модараш ба Эрон рафт, боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG