Рӯзи 9-уми апрел дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, қуръакашии мусобиқаи лигаи аввали кишвар баргузор шуд. Дар мусобиқаи имсола 12 даста ширкат меварзад, ки ин нисбат ба соли гузашта ду адад камтар аст.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввал як даста аз шаҳри Душанбе – «Шоҳмансур», шаш даста аз вилояти Хатлон – «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳулбук», (Восеъ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Моҳир» (Ёвон), се даста аз вилояти Суғд - «Эсхата» (Хуҷанд), «Исфара» (Исфара) ва «Равшан» (Зафаробод), инчунин ду даста аз шаҳру навоҳии тобеи марказ – «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Ваҳдат» (Ваҳдат) – иштирок мекунанд.
Бар асоси қуръакашӣ дар нахустин даври мусобиқа дастаҳои зерин бо ҳам рақобат хоҳанд кард:
«Исфара» (Исфара) – «Равшан» (Зафаробод)
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Шоҳмансур» (Душанбе)
«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
«Ҳосилот» (Фархор) – «Ҳулбук» (Восеъ)
«Равшан» (Кӯлоб) – «Саройкамар» (Панҷ)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Моҳир» (Ёвон)
Бояд гуфт, ки мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон даҳаи дувуми моҳи апрел шуруъ мешавад. Мусобиқа аз ду давра иборат аст. Ҳар як даста ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад. Тибқи низомномаи мусобиқа дастаи ғолиб ва ҷоизадори нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар соли оянда мушарраф мешаванд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаи “Локомотив-Помир”-и Душанбе ғолиб шуд ва ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 мушарраф гашт. Дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар ҷойи дувум қарор гирифт ва соҳиби медалҳои нуқра гардид, инчунин дастаи “Душанбе-83”-и Душанбе, ки мақоми севумро касб намуда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд, феълан дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Мо Точикони дунë бояд муттахид шавим вагарна моро дар танхои охиста охиста нобуд мекунанд. Ахамад Шох Масуд. Душманат чор тараф хонагию ачнабианд, Тани танхо ба чи неру сафи агëр шиканам.
Махалпарасти бадб.ахти оварад Махалпарасти ба нести оварад Махалпараст машав,миллатдуст шав. Миллатдусти хушбахти оварад
Биёед ҷони гапро занем. Маҳалгароӣ ба дараҷаи олӣ ҳастем. Лекин як миллат нестем. Ҳеҷгоҳ сарҷамъ нестем. Ғайри имкон аст,ки Бадахшониҳо,Суғдиҳо, Кӯлобиҳо, Қаротегиниҳо ва ғайра як миллат бошанд. Чаро? Бо якдигар дӯсту бародар нестем. Ба якдигар раҳм надорем. Кадомеро пурси мегӯяд ман зӯрам айби ман нест. Дур назар накунед афғону эрониву ӯзбеку қирғизу қазоқро бинед. Оё мо ягон давру замон сарҷамъ ва як миллат мешавад? Ё на мусалмони ҳақиқи ва на кофири мутлақ мемонем???
Кор то дарачае расидааст ки рохбарони дарачаи поёни низ аз нигохи махал тайин мегарданд. Масалан директори бозори марказии ш. Истаравшан аз кадом як минтакаи чануб таин гардид . Дар рузи якуми кори тамоми кормандони пештараро аз кор ронда , гирди худ хешовандонашро чамъ намуд. То хатто назоратчиёну посбонони бозор хама хешовандони раисанд.
Чи чавоб метем? Вакте ки карздорем, Вакте ки коррупция экономикара фалач кардааст, вакте ки махалгарои ва хешу туборбози дар сатхи баланд аст, вакте ки хукумат бо халк дар як радиф нест, вакте ки бекори авч кадааст, Вакте ки халк барои нони даханша ёфтан якта якта не, гуфти у гап кабила кабила ба мухочират рафтесан, аз кадом чихат ба хитой истодагари мекуне????? Хитой уже аз паи рох кушои дар коинот аст акам. Мо холо чои кори муносиб офарида наметонем, халкро дар айни сармо бо барк таьмин када наметонем.