Афви Байналмилал (Amnesty International) аз боздошти Анастасия Василева, раиси иттиҳодияи коргарӣ ё “профсоюз”-и пизишкони Русия норозигӣ кард.
Созмон рӯзи 3-юми апрел дар эъломияе иқдоми ҳукумати Русияро нодуруст номид.
Василева аз чигунагии вокуниши ҳукумати Русия ба паҳншавии коронавирус интиқод карда, гуфта буд, ки ҳукумат шумори мубталоёнро ба ин вирус кам нишон додааст.
Анастасия Василеваро рӯзи ҷумъа ҳангоми сафар барои арзёбии омодагиҳои шифохонаҳои Русия дастгир ва 1600 рубл ҷарима карданд. Гуфта мешавад, ӯ ба рафтори хашин ва итоат накардан ба амри пулис муттаҳам шудааст.
Иттиҳодияи коргарӣ ё “профсоюз”-и табибони Русия аз тарафи Алексей Навалний, раҳбари мухолифон, пуштибонӣ мешавад.
Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар Русия то 4-уми апрел беш аз 4100 тан ба коронавирус гирифтор шуда, 34 нафар бар асари олудагӣ ба он ҷон бохтаанд.