Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати гази Полша гуфт, дар баҳси нарх бо Газпроми Русия $ 1,5 миллиард бурдааст


Ширкати Газпроми Русия гуфт, ки қарори додгоҳи Стокҳолмро мавриди таҳлил қарор додааст
Ширкати Газпроми Русия гуфт, ки қарори додгоҳи Стокҳолмро мавриди таҳлил қарор додааст

Азимтарин ширкати давлатии тақсимкунандаи гази Полша гуфт, ки дар баҳси бисёрсолаи 1,5 миллиарддолларии нархи газ бо ширкати русии Газпром дар додгоҳи байналмилалии Шведсия пирӯз омад.

Ширкати гази давлатии Полша (Polskie Gornictwo Naftowe i Gazownictwo) рӯзи 30 март бо нашри изҳороте гуфт, ки ин маблағ подоши ниҳоии қарордоди соли 1996 мебошад.

Ин созиш пардохти маблағи барзиёд ба иловаи нархи муқарарршударо тақозо мекард. Ширкати гази Полша гуфт, ки давоми солҳои зиёд Газпром аз онҳо пардохти арзиши иловагиро тақозо мекард ва ҳамакнун муваззаф шуд, ки 1,5 миллиард долларро ба ширкати Полша баргардонад.

Мӯҳлати маблағи барзиёд пардохтшуда аз 1 ноябри соли 2014 то 29 феврали соли 2020-ро дар бар мегирад.

Ширкати Полша гуфт, ки додгоҳе дар Стокҳолм амр дод, ки Газпром формула ё шеваи нархгузориро бо назардошти квотаи бозор тағйир диҳад ва ин чиз шароити фаъолиятҳои тиҷоратиро беҳтар мекунад.

Оҷонсии Ройтерс навишт, ки намояндагии Газпром дар вокуниш гуфтааст, қарори додгоҳи ҳакамии Стокҳолмро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Дар изҳороти Газпром гуфта мешавад, ки “ҳанӯз маълум кардани ҳаҷми пардохтҳои эҳтимолӣ барвақт аст”.

Полша, ки ба хотири ҳанӯз замони Шӯравӣ эҷод шудани роҳҳои транзити газ ба Аврупо, нисфи гази аз Русия интиқолшавандаро истифода мекунад.

Ҳукми додгоҳ як зарбаи дигар ба Газпром аст, чун лӯлаи гази зерибаҳрии он бо номи “Северный поток 2”, ки гази русиро ба Олмон интиқол медиҳад, бо таҳдиди таҳримҳои ИМА рӯбарӯ шудааст.

Ширкати гази русӣ соли гузашта дар як баҳси дигари байналмилалии додгоҳӣ дар баробари ширкати Нафтогази украинӣ мағлуб ва вазифадор шуд, ки тахминан 3 миллиард долларро ба ин ширкат пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG