Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қонуни баҳсбарангез дар бораи гирдиҳамоиҳо дар Қазоқистон


Пулис иштирокдорони гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Нурсултонро дастгир мекунад. Акс аз бойгонӣ
Пулис иштирокдорони гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Нурсултонро дастгир мекунад. Акс аз бойгонӣ

Порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе, 26-уми март, тарҳи қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳоро қабул кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ тарҳи қонуни мазкурро ба хотири “мутобиқ набудан ба меъёрҳои байналмилалӣ” танқид мекунанд.

Тарҳи қонуни нав талаб мекунад, ки барои ташкили гирдиҳамоӣ бо шумори зиёди одамон иҷозати расмӣ гирифта шавад ва гирдиҳамоиҳо дар ҷойҳое баргузор гарданд, ки мақомот пешниҳод мекунанд.

Қонун ҳамчунин “ҷазои сахтарро барои вайрон кардани талаботи баргузории гирдиҳамоиҳо” пешбинӣ намудааст.

Тарҳи қонуни мазкурро Вазорати иттилоот ва рушди умумии Қазоқистон моҳи феврали имсол дар баррасии умум гузошта буд. Ҳуқуқшиносон гуфтанд, мақомот тасмим доранд, ба қонуни мавҷуда дар бораи гирдиҳамоиҳо тағйирот ворид карда, ба ин тартиб, дар баргузории эътирозҳову гирдиҳамоиҳо маҳдудият ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG