Ангела Меркел, нахуствазири Олмон бинобар тамос бо табибе, ки озмоиши коронаи ӯ мусбат эълом шудааст, худро дар хона карантин кард. Тибқи иттилои расонаҳои Олмон, як табиб, ки рӯзи 21-уми март хонум Меркелро муоина карда буд, ба коронавирус мубтало будааст.
Пас аз нишасти хабарии нахуствазири Олмон дар рӯзи якшанбе, ин мавзӯъ ба хонум иттилоъ дода шуд ва ӯ худро дар хона карантин кард ва қарор шуд, ки аз ӯ озмоиши корона гирифта шавад.
Нахуствазири Олмон дар нишасти матбуотиаш тасмимҳои наверо барои пешгирӣ аз паҳн шудани вируси корона эълом кард, ки аз ҷумлаи онҳо, манъи таҷаммуи ду нафар аст. Бастани каҳвахонаҳо ва ороишгоҳҳо аз дигар тасмимҳо дар ин бора мебошад.
Омори гирифторӣ ба корона дар Олмон рӯ ба афзоиш аст, ҳарчанд мавридҳои марг нисбатан кам аст. Шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар Олмон 18610 нафар эълом шудааст. То кунун 55 нафар дар Олмон ба асари ин беморӣ ҷон бохтанд.