Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо дар Русия зидди Путин


Эътирозҳо дар Русия алайҳи Путин.
Эътирозҳо дар Русия алайҳи Путин.

Дар як қатор шаҳрҳои Русия зидди тағйироте ба Конститутсияи Русия тазоҳурот доранд, ки ба Владимир Путин имкон медиҳад, дубора президент интихоб шавад.

Дар ҳамоиши эътирозии Красноярск ҳудуди 200 кас ҷамъ шуданд. Мақомот ба баргузории тазоҳурот дар маркази шаҳр иҷозат надоданд. Ба фаъолон гуфтанд, метавонанд дар назди гулгашти Космонавтов, дар хиёбони Терешкова тазоҳурот кунанд.

Дар Екатеринбург 22 март зидди ба сифр баробар кардани давраҳои пешини президентии Владимир Путин ҳудуди 50 кас гирди ҳам ҷамъ омаданд. Ба иттилои "Настоящее Время", дар ин шаҳр ба иллати коронавирус иштироки беш аз 50 нафар дар ҷамъомадҳо манъ аст.

Яке аз шиорҳои асосии тазоҳургарони Чита, ки 50 нафарро ташкил медоданд, "На ба Путини якумрӣ" буд.

Дар шаҳри Новосибирск низ бо вуҷуди номусоидии ҳаво тазоҳурот баргузор шуд. Дар он ҳудуди 40 кас иштирок карданд. Тазоҳургарон талаб карданд, ки муҳлати зиндони маҳбусони сиёсӣ ба сифр баробар карда шавад.

Тағйирот ба Конститутсияро моҳи январи соли ҷорӣ худи Путин пешниҳод кард. Он замон вай гуфта буд, ки ба тағйирот на танҳо порлумон, балки шаҳрвандон ҳам бояд раъй диҳанд, ҳарчанд Конститутсияи феълии Русия инро талаб намекунад.

Порлумони Русия бекорсозии муҳлатҳои пешини президентии Путинро қабул кард. Ин банд ба Путин имкон медиҳад, ки дар соли 2024 бори дигар ба мақоми президентӣ номзад шавад ва дар сурати пирӯзӣ, дар соли 2036 ҳам метавонад номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.

Президенти Русия бо имзои як фармон 22 апрелро рӯзи раъйпурсӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Конститутсия таъйин кард.

XS
SM
MD
LG