Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми наврӯзии сафири Амрико бо забони тоҷикӣ. ВИДЕО


Ҷон Марк Поммершайм беш аз як сол боз сафири Амрико дар Тоҷикистон аст
Ҷон Марк Поммершайм беш аз як сол боз сафири Амрико дар Тоҷикистон аст

Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон, дар робита ба ҷашни Наврӯз, ки ҳар сол 21-уми март таҷлил мешавад, паём дод. Ӯ рӯзи ҷумъа дар наворе бо забони тоҷикӣ гуфт: “Дӯстон, аз номи мардуми Амрико фарорасии Наврӯз муборак!”

Тоҷикистон имсол иди Наврӯзро дар ҳоле ҷашн мегирад, ки аксар кишварҳои ҷаҳон бо коронавирус даст ба гиребонанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол ҳеч мавриди гирифторӣ ба ин вирус дар кишвар сабт нашудааст, аммо тақрибан 1900 нафари баргашта аз хориҷаро зери назорат гирифтаанд.

Интизор меравад, ҷашни асосии Наврӯз имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Барои ҳунарнамоӣ дар он ҳазорҳо хонандаву донишҷӯён тамрини роҳпаймоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG