Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрики наврӯзии Хоманеӣ ва ёдоварӣ аз “фидокориҳо”-и эрониҳо


Раҳбари олии Эрон мардуми кишварро рӯзи 20 март тавассути телевизион табрик кард
Раҳбари олии Эрон мардуми кишварро рӯзи 20 март тавассути телевизион табрик кард

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ гуфт, ки шаҳрвандони ин кишвар дар муқобила бо вируси фарогири Ковид-19 фидокорӣ нишон доданд. Дар ин кишвар то ҳол бар асари коронавирус 1284 нафар ҷон додааст.

Хоманеӣ, ки мардуми Эронро дар як паёми телевизионӣ табрик кард, гуфт, “ҳатто хориҷиҳо ба ин фидокориҳо таҳсин гуфтанд”. Ӯ гуфт, ки дар сафи аввали афроди сарсупурдаи муқовимат бо коронавирус гурӯҳҳои тиббӣ, духтурону ҳамшираҳо, гурӯҳҳои ёрирасон ва кормандони бемористонҳо қарор доранд.

Хоманеӣ аз мардуми Эрон даъват кард, ки мушкилотро дар соли куҳан гузошта, ба пешвози соли нав муттаҳид шаванд.

Паҳншавии коронавирус, ки то ҳол дар саросари ҷаҳон беш аз 10 ҳазор нафарро куштааст, ҳамоно идома дорад ва ба барномаҳои таҷлили иди Наврӯз дар Эрон ҳам таъсиргузор шуд. Мақомот аз сокинони маҳаллӣ дархост карданд, ки дар рӯзҳои таҷлили ид дар хонаҳояшон бимонанд. Ҷашнҳои наврӯзӣ дар Эрон чандин рӯз идома карда, маъмулан бо меҳмонигардиву сайру сафар ба табиат мегузарад. Дар Эрон шумори олудашудаҳо ба вирус беш аз 18 ҳазор нафар буда, ин кишвари сеюми шадидан осебдида бар асари паҳншавии вирус дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар Эрон тамоми муассисаҳои таълимӣ, чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ манъ ва ташкили маросимҳои мазҳабӣ кам карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG