Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Руминия ба сарвазир Орбан ройи эътимод дод


Лудовитс Орбан дар порлумон. Бухарест, моҳи феврали 2020
Лудовитс Орбан дар порлумон. Бухарест, моҳи феврали 2020

Аъзои Маҷлиси Намояндагони Руминия рӯзи 14-уми март ба ҳукумати сарвазир Лудовитс Орбан ройи эътимод доданд. Ҳоло раиси ҷумҳури Руминия метавонад, аз нахуствазир бихоҳад, ки ҳайати ҳукуматашро ташкил диҳад. Аз 309 узви порлумони Руминия, 286 нафар ба тарафдорӣ аз ҳукумати Орбан ва 26 нафар ба зидди он рой доданд. Орбан, ки раҳбари ҳизби миллии либерали Руминия аст, моҳи феврали имсол ройи эътимоди аъзои порлумонро ба даст наоварда буд.

XS
SM
MD
LG