Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва 30-cолагии истиқлол ва ҷудоӣ аз Шӯравиро ҷашн гирифт


Рӯзи 11 март дар Вилнюс 30-солагии истиқлолияти Литва таҷлил шуд
Рӯзи 11 март дар Вилнюс 30-солагии истиқлолияти Литва таҷлил шуд

Дар Вилнюс, пойтахти Литва, ҷашни 30-солагии истиқлоли ин кишвар баргузор шуд. Рӯзи 11-уми марти соли 1990 дар порлумони Литва истиқлоли ин ҷумҳурӣ аз Маскав ва ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ эълон шуд. Ин ҷумҳурии Назди Балтик аз миёни 15 ҷумҳурии дигари Шӯравӣ аввал шуда аз зери назари Кремлин берун омад.

Баробари эълони истиқлол, сиёсатмадорону фаъолон ба нобуд кардани рамзҳои Шӯравӣ дар даромадгоҳи порлумон шурӯъ карданд. Моҳҳо пеш аз эълони таърихии истиқлоли кишвар, Литва шоҳиди мавҷи эътирозҳову даъватҳо ба ислоҳоти ҷиддии сиёсӣ шуд.

Дар моҳи феврали соли 1989 яке аз серҷамъияттарин раҳпаймоиҳо мухолифони ба хидмати артиши Шӯравӣ ҷалб шудани ҷавонҳои литвониро ба кӯчаҳо баровард. Як моҳ пеш аз эълони истиқлол, Кремлин аз чанд самти стратегии Литва талош кард бо кумаки артиш назорат бар кишварро ба даст оварад. Дар натиҷа, ҳангоми талоши ҳимоят аз манори телевизиони Литва 14 нафар, аз ҷумла зани ҷавоне кушта шуданд.

Истиқлоли Литва роҳро барои дигар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин боз кард ва ин марҳила то охири соли 1991 идома кард.

XS
SM
MD
LG