Башиддат поин рафтани қурби рубл, зоҳиран, сабаб шудааст, ки мардуми Русия ба хариди абзорҳои электронӣ, аз ҷумла телефонҳои Apple ва Самсунг рӯ биёранд. Нашрияи “Коммерсант” гузориш дод, ки рӯзи 9-уми март фурӯши телефонҳои Apple ва Самсунг ба воситаи фурӯшгоҳи онлайнии "Билайн" дар муқоиса ба рӯзи душанбеи гузашта ним баробар зиёд шудааст.
“Коммерсант” ин хабарро бо такя ба манбааш дар “Вимпелком”, молики “Билайн”, нашр кардааст. Баъд аз поин омадани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзиши рубли русӣ рӯзи 9-уми март 10 дар сад поин омад.
Мардум дар Русия одат доранд, вақти талотум дар бозорҳои арз ва тарс аз беқурбшавии рубл молҳои хориҷии серхаридор бихаранд.
Айни замон як мақоми “Вимпелком” гуфтааст, ки робита додани поинравии қурби рубл ва афзоиши хариди телефонҳо чандон дуруст нест, зеро хариди телефонҳо дар Рӯзи Байналмилалии Занон мувофиқ омадааст.
Ду фурӯшгоҳи интернетии бузурги дигари Русия гуфтаанд, ки шоҳиди афзоиши хариди молҳои хориҷӣ нашудаанд.