Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби андозҳои нав аз омӯзгорон ва табибони Узбекистон


Мактабе дар Косон
Мактабе дар Косон

Дар ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёи Узбекистон аз маоши кормандони бахши буҷавӣ 300 ҳазор сӯм (31 доллар)-ро бо баҳонаи "пардохти фаврии андози соли 2020" мегардонанд.

Ба гуфтаи кормандон, аз онҳо забонхат гирифта шудааст, ки гӯиё ин маблағро бо хоҳиши худ пардохтаанд.

Мақомоти ноҳияи Косон ин иттилоъро рад карданд.

Омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи ноҳия гуфт, моҳи феврал мудири мактаб онҳоро ба навиштани забонхат маҷбур карда буд.

Ба гуфтаи сокинон, на танҳо аз омӯзгорон, балки аз маоши табибон низ ҳамин миқдор маблағ баргардонида шудааст.

"Ибтидои моҳи март моро ба муҳосибот даъват карда ва забонхат гирифтанд. Навъҳои гуногуни андоз ҳаст. Кадомашро мо бояд аз сари маош пардозем ва чаро бояд забонхат нависем - шарҳ надоданд", - гуфт як корманди бемористони маҳаллӣ.

Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш аз мақомоти ноҳияи Косон гуфт, ноҳия аз андоз қарздор аст ва раиси ноҳия Асрол Бойқароев дастури даҳонӣ додааст, ки камбуди андозро аз муассисаҳои буҷавӣ рӯёнанд.

XS
SM
MD
LG