Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия


Яке аз бемористонҳои Туркия. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустии Туркия 11-уми март эълон кард, ки мавриди нахустини гирифторӣ ба коронавирус дар як мард, ки ахиран аз яке кишварҳои аврупоӣ баргаштааст, тасдиқ шуд.

Вазири тандурустии Туркия дар бораи ин нафари мубтало ба коронавирус ва инки ба кадом кишвари аврупоӣ сафар карда буд, маълумот надод.

Фахриддин Куҷо, вазири тандурустии Туркия гуфт, фарди бемор дар карантин қарор дорад ва аъзои хонавода ва шумори дигаре аз шаҳрвандон, ки бо ӯ тамоси наздик доштанд, низ карантин шуданд.

Туркия то ба ҳол ҳеҷ мавриди гирифторӣ ба коронавирусро эълом накарда буд ва ин эҳтимол, ки вирус дар ин кишвар вуҷуд дошта бошад ё дар оянда интиқол ёбад, матраҳ буд.

Фурудгоҳҳои Туркия аз оғози паҳн шудани ин беморӣ, ҳамаи мусофирони хориҷиро зери назар қарор додаанд. Парвозҳо ба Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Италия лағв ва марзҳои заминӣ бо Ироқ ва Эрон низ баста шудаанд.

Вазири тандурустии Туркия рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, мураххасии табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони бемористонҳо лағв шудааст.

Аҳолии Туркия ҳудуди 83 миллион нафар аст ва ин кишвар ҳамзамон мизбони аз ҳама бештари гурӯҳи паноҳҷӯён дар ҷаҳон мебошад ва наздик ба панҷ миллион муҳоҷир, ки асосан аз Сурия мебошанд, дар Туркия ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG