Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон аз "бадшавии вазъи иқтисодӣ" гуфт


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар як ҷаласаи фаврии рӯзи 9-уми март дар ҳузури аъзои ҳукумат ва мақомоти дигари кишвараш "вазъи масоили моливу иқтисодии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисоди Қазоқистон"-ро баррасӣ кард.

Ҷаласаи Тоқаев дар ҳоле баргузор гардид, ки қимати нафт - яке аз маҳсулоти асосии содиротии Қазоқистон - дар бозори ҷаҳонӣ якбора арзон шуд. Тоқаев дар ин замина ба ҳукумат, Бонки миллӣ ва дигар мақомоти Қазоқистон дастурҳои мушаххас додааст.

"Нақшаи амал зидди буҳрон таҳия мешавад, нақшаи махсуси ҷалби сокинон ба шуғл, аз ҷумла дар корхонаҳои бузург омода мегардад", - гуфтааст Тоқаев. Вай ҳамчунин дастур додааст, ки харҷҳои буҷа камтар ва бозори арзи кишвар ба эътидол оварда шавад.

Президенти Қазоқистон дар саҳифаи "Твиттер" навишт, "дар робита ба бадшавии вазъи иқтисоди ҷаҳон" дастур додааст, ки "Ситоди вокуниши фаврӣ барои коркарди нақшаи амал зидди буҳрон" таъсис дода шавад.

Субҳи рӯзи душанбеи 9-уми март 1 доллари ИМА дар нуқтаҳои табодули асъор дар Қазоқистон ба 400 танга баробар шуд. Ин дар ҳолест, ки шоми рӯзи ҷумъаи 6-уми март 1 доллари ИМА 382,22 тангаи қазоқӣ табодул мешуд.

Рубли русӣ ҳам рӯзи душанбе ба пойинтарин сатҳи чаҳор соли охир расид. Айни ҳол 1 доллари ИМА 72,72 рубл табодул мешавад, ки ин пойинтарин қурб аз соли 2016 ба ин тараф аст. Уфти рубли русӣ дар пайи он сар зад, ки Русия ахиран гуфтугӯҳояшро бо Арабистони Саудӣ, роҳбари ОПЕК бекор кард. Қурби тило ҳам рӯзи 9-уми март 20 дарсад коҳиш ёфтааст.

Уфти нафту тило дар ҳоле сурат мегирад, ки гуруҳи ОПЕК+ (Русияву Қазоқистон ҳам шомили он ҳастанд), ҳафтаи гузашта дар Вена натавонистанд, ки дар мавриди коҳиши истихроҷи нафт, бо ҳадафи нигаҳ доштани арзиши он, ба созиш расад.

XS
SM
MD
LG