Ба "Ҳамоиши ҳамраъйии занон" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон имкони баргузорӣ надоданд. Афроди номаълум ба ширкатдорон ҳамла ва пулис ташкилкунандагони ҳамоишро боздошт кард.
Ҳамоиш мебоист, дар майдони Ғалаба баргузор шавад, созмондиҳандагон шиорҳоро ба ширкатдорон тақсим карданд. Дар оғози ҳамоиш афроди ниқобпӯше ба ҳамоиш ҳамла карданд. Ба гуфтаи хабарнигорон, бархе аз ширкатдоронро лагадкӯб ва шиорҳоро помол карданд. Пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва созмондиҳандагону бархе аз ширкатдорони ҳамоишро боздошт кард.
Боздоштшудаҳоро бо автобусҳо бурданд. Ҳамлаварон фирор карданд. Миёни боздоштшудаҳо рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ ҳам буданд. Ҳамаи онҳоро ба идораи пулис бурданд.
Пулиси Бишкек гуфт, ҳаракатҳои ҷамъиятии "Феминнале" ва "8/365" бидуни иҷозат гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд. Пулис ҳамчунин гуфт, ки онҳо аз мақомот дархости муҳофизат ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ накарда буданд ва ба ин тартиб ҳамоиш боиси бетартибии оммавӣ шуд.
Дар Қирғизистон риоя накардани ҳуқуқи зан яке аз мушкилиҳои доғи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин кишвар арӯсрабоӣ маъмул аст ва хушунати хонаводагие ҳам роиҷ аст, ки дар бархе маврид пайомадҳои фоҷиавӣ дорад.