Раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, аз истирдод шудани Ҳизбуллоҳ Шовализода аз Австрия ба Душанбе ибрози нигаронӣ кардааст.
Доситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми март хабар дод, ки зимни ҳамкориҳо бо Австрия, Ҳизбуллоҳ Шовализода истирдод карда шуд. Мақомот ӯро ба узвият дар созмони тундрав, хиёнат ба давлат ва ғайра гумонбар донистанд.
Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 6-уми март бо интишори баёния истирдоди Шовализодаро «амали мухолиф бо меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар» донист. Дар ин баёния омадаст: «Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар он ҳуқуқи башар риоят нашуда, мақомоти судиаш мустақил нестанд, шиканҷа дар зиндонҳо ва дар марҳалаи тафтиш амалӣ мешавад. Бинобарин ба эҳтимоли зиёд Шовализода мавриди шиканҷа, зӯроварӣ ва муҳокимаи ноодилона қарор бигирад».
Дар ҳоле ки Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳизбуллоҳ Шовализодаро узви ҳизби наҳзати исломӣ ном бурд, раҳбарияти ин ҳизб дар хориҷа онро рад кардаанд. Аммо гуфтаанд, «ӯ ҷонибдори ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин ва мунтақиди сиёсатҳои саркубгаронаи ҳукумати Тоҷикистон буд».
Ҳизбуллоҳ Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале ин дархосташ рад гардидааст. Ӯ тақрибан ду моҳи охир дар боздоштгоҳе дар Вена буд.