Вазорати умури дохилии Туркия мегӯяд, ҳафтаи гузашта марзи ин кишварро бо Юнон 130,5 ҳазор муҳоҷир ғайриқонунӣ убур кардаанд. Муҳоҷирон пас аз он озими Аврупо шуданд, ки Туркия марзҳои худро боз кард. Дар ҳамин ҳол, вазири умури муҳоҷирати Юнон гуфт, кишвараш ба қабули мавҷи нави муҳоҷирон омода нест.
Муҳофизати марзҳои Булғористон ва Юнон пурзӯр шуда, миёни маъмурони пулис ва муҳоҷирон задухурд сурат гирифт. Дар натиҷа барои пароканда кардани гурезаҳо аз гази ашковар истифода шудааст. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар мулоқот бо сарвазири Булғористон дар бораи нахустин қурбониҳо суҳбат кард.
"Мутаассифона, Аврупо ба ваъдаи худ вафо накард. Ҳоло сарбозони Юнон ду муҳоҷирро кушта, як тани дигарро захмӣ кардаанд",-гуфт ӯ.
Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, Иттиҳоди Аврупо ними 6,5 миллиард доллареро, ки ба Анқара барои нигаҳдории муҳоҷирон ваъда дода буд, пардохт накард. Туркия ҳамчунин Аврупоро ба он айбдор кард, ки сиёсатмадоронаш аз ташкили минтақаҳои амн дар вилояти Идлиби Сурия ҷонибдорӣ накарданд.
"Ҳукумати Туркия ва президент Эрдуғон аз Аврупо таваққуи бештар доранд. Вале вақте мақомоти турк норозигии худро ба Аврупо баён намекунанду ҳама борро бар гардани муҳоҷирон мегузоранд, ин ғайриқобили қабул аст. Ин роҳи нодуруст аст. Гуфтугӯҳоро бо Туркия идома медиҳем",-изҳор дошт садри аъзами Олмон Ангела Меркел.
Садри аъзами Австрия низ Туркияро дар ҳамла ба Аврупо айбдор карда, гуфт, кишвараш омодааст, марзҳои худро аз муҳоҷирон муҳофизат кунад.