Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис: Созмондиҳандагони тазоҳуроти Бишкек муҷозот мешаванд


Ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаров бо талаби раҳоии ӯ тазоҳурот карданд. Бишкек, 2-юми март, 2020.
Ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаров бо талаби раҳоии ӯ тазоҳурот карданд. Бишкек, 2-юми март, 2020.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон Бакит Сейитов гуфт, дар ҷараёни тазоҳуроти ахир дар шаҳри Бишкек чандин мошину бино осеб дидаанд ва бинобар ин, созмондиҳандагони ҳамоиши эътирозӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

"Онҳо барои фитнаангезӣ дар рафти тазоҳурот ҷавоб мегӯянд. Ҳамчунин ташкилкунандагони тазоҳурот ҳамаи зарарҳоро ҷуброн менамоянд. Вазъ ҳоло дар Бишкек муътадил буда, мо шахсияти фитнаангезонро муайян менамоем. Даъватҳои ҳангомаҷӯёна низ садо додаанд. Аз ҷумла даъватҳо ба ғасби "Кохи сафед" ва ҳукумат",-афзуд ӯ.

Сейитов изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир дақиқ намедонад, ки чанд иштирокчии тазоҳурот боздошт шудааст ва маълумот дар ин бораро дертар ба хабарнигорон хоҳад гуфт.

Рӯзи 2-юми март дар майдони Ала-Тоои Бишкек миёни кормандони пулис ва ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаров, ки бо талаби раҳоии ӯ даст ба тазоҳурот заданд, задухӯрд сурат гирифт. Пулис тавассути техникаҳои махсус тазоҳургаронро пароканда кард.

Содир Жапаров, вакили пешини порлумон ва раиси ҳизби "Мекенчил" дар ташкили ҳамоиши эътирозии Қароқул ва асир гирифтани роҳбари вақти ин минтақа Эмилбек Каптагаев дар соли 2013 айбдор шудааст. Додгоҳ ӯро дар соли 2018 ба муҳлати 11,5 сол зиндонӣ кард.​

XS
SM
MD
LG