Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин уйғурҳоро дар корхонаҳои брендҳои маъруф маҷбуран кор мефармояд


Яке аз урдугоҳҳое, ки Чин ӯйғурҳоро нигоҳ медорад.
Яке аз урдугоҳҳое, ки Чин ӯйғурҳоро нигоҳ медорад.

Бино ба маълумоти ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти Чин садҳо ҳазор уйғури мусулмонро, ки дар марказҳои ба истилоҳ, "бозтарбия" нигаҳдорӣ мешаванд, иҷборан дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти брендҳои маъруф кор мефармоянд.

Дар ин бора дар гузориши Пажӯҳишгоҳи сиёсати стратегии Австралия (ASPI) гуфта шудааст. Ба гуфтаи муаллифон, сухан аз 80 ҳазор уйғуре меравад, ки дасти кам дар 27 корхона кор мекунанд.

Дар ин корхонаҳо, аз ҷумла бо бренди Apple, BMW, Nike, Samsung, Sony, Volkswagen ва ғайра маҳсулот истеҳсол мешавад. Эҳтимолан худи ширкатҳои маъруф хабар надоштанд, ки дар коргоҳҳои шарикони дастраскунандаи моли онҳо одамонро иҷборан кор мефармоянд. Хабаргузории "Reuters" изҳороти чандин ширкатро нашр кардааст, ки мегӯянд, ин хабарро месанҷанд.

Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи душанбе иддаои ҳомиёни ҳуқуқро рад карда, онро талоши "сиёҳ кардани тадбирҳои зиддитеррористии мақомоти кишвари худ" номид.

Мақомоти Чин мегӯянд, марказҳои "бозтарбия"-ро ба хотири мубориза зидди терроризм таъсис додаанд. Одамоне, ки дар ин марказҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ҳаққи берун рафтан, тамос бо олами берунӣ ва иштирок дар чорабиниҳои диниро надоранд. Онҳо маҷбуранд, забони чиниро омӯзанд.

XS
SM
MD
LG