Хабарнигори нашрияи "Ватанпарвар"-и Вазорати дифои Узбекистон, подполковники мустаъфӣ Владимир Калошини 68-сола, ки бо гумони ифшои "сирри давлатӣ" боздошт шудааст, 2-юми март дар додгоҳ сухани охирини худро баён кард.
Духтари Калошин Анастасия Епишева, ки дар шаҳри Москва ба сар мебарад, гуфт, падараш дар додгоҳ гуноҳро ба гардан нагирифтааст.
"Падарам 15 сол аст, ки истеъфо додааст. Ба ҳайси хабарнигори оддӣ дар нашрияи "Ватанпарвар" кор мекард. Ӯ маҳз дар ин бора дар додгоҳ суханронӣ кард. Падарам аз додрас пурсидааст, ки "як хабарнигори оддӣ чи гуна метавонад бо сирри давлатӣ иртибот дошта бошад?" Вай қотеона айби эъломшударо рад кардааст",-афзуд Епишева.
Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ ба шикояти падараш, ки гуфтааст, мавриди фишори равонӣ қарор гирифтааст, таваҷҷуҳ накардааст. Ҳамчунин дархости вакили Калошин барои тағйири ҳукми ҳабси пешакии шахси зери ҳимояаш ба ҳабси хонагӣ рад шудааст.
Субҳи 2-юми июли соли гузашта панҷ мард дар либоси мулкӣ ҳамроҳи нозири минтақавӣ ба хонаи Владимир Калошин дар ноҳияи Юнусободи Тошканд рафта, ӯро боздошт ва манзили зисташро бозҷӯӣ кардаанд. Зидди Калошин бар пояи банди 162-уми Кодекси ҷиноии Узбекистон (Ифшои сирри давлатӣ) айб эълом карда шудааст.