Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ҷамъбастии порлумон. Ҷавоби Зуҳуров ба мунтақидон


Маҷлиси Намояндагон
Маҷлиси Намояндагон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати ҳозираи порлумон аз кори панҷсолаи худ ва ҳамкоронаш ситоиш кард. Баръакси он ки мухолифон кори ҳайати ҳозираи порлумонро чашмрас намедонанд ва онҳоро бештар барои сукут дар баробари мушкилоти мардум танқид мекунанд.

Зуҳуров рӯзи 28-уми феврал дар гузориши ниҳоии худ, гуфт, “фаъолияти Маҷлиси Намояндагон пурра касбӣ буд” ва як навъ ба танқидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҷавоб дод.

Ӯ гуфт: “Онҳо мегӯянд, замонҳое буд, ки зиндагӣ дар парламенти тоҷик меҷӯшид, ҳозир ҳар санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҳукумат ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мегардад, бемамониат қабул мешавад. Ба назари мо, бартарии Тоҷикистон... маҳз ҳамин кори бамаслиҳати ҳукумати кишвар бо Маҷлиси Намояндагон маҳсуб мешавад.”

Мақомоти Маҷлиси Намояндагон мегӯянд, дар панҷ соли гузашта 129 ҷаласаи порлумон баргузор шуда, беш аз 800 санад, аз ҷумла тақрибан 500 қонуни нав ё иловаҳо ба қонун қабул шудааст.

Порлумони Тоҷикистон аз 63 курсӣ иборат аст. Вакилони порлумонро дар панҷ сол як бор интихоб мекунанд.

Бино ба қонуни асосии Тоҷикистон, порлумон яке аз се шохаи ҳокимият аст, вале мухолифон мегӯянд, ин ниҳод солҳои охир пойбанди ҳукумат аст ва ҳар қонуне, ки аз сӯи ҳукумат пешниҳод мешавад, бе баҳси ҷиддӣ қабул мекунанд.

XS
SM
MD
LG