Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Коронавирус барои Амрико ҳанӯз хатари зиёд надорад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти ИМА шоми чаҳоршанбе дар як нишасти хабарии вижа гуфт, ки вируси корона дар ҳоли ҳозир барои Амрико хатари зиёд надорад.

Вай илова кард, ки Майк Пенс, ноиб-президент талошҳои мақомоти Амрикоро дар амри мубориза бо ин вирус роҳбарӣ мекунад.​

"Мо омодаи тағйирёбии вазъ ҳастем: чи хуруҷи фарогир бошад чи на. Бо таваҷҷуҳ ба талошҳое, ки мо рӯи даст гирифтем, хатари ин вирус барои амрикоиҳо дар сатҳи пойин боқӣ мондааст... Мо бо назардошти вазъ амал мекунем ва дар сурати авҷ гирифтани вирус ҳамаи чораҳои заруриро хоҳем андешид", - гуфт Трамп. Вай ҳамзамон изҳори умедворӣ кард, ки олимон доруи зидди вирусро пайдо хоҳанд кард.

Дар ин нишасти хабарӣ Энн Шучат, як намояндаи мақомоти тандурстии ИМА гуфт, шумори гирифторон ба вируси нав дар Амрико рӯ ба афзоиш аст.

То ин замон 57 сокин дар ИМА ба вируси нав мубтало шудааст. Аз ин шумор 42 тан амрикоиҳое ҳастанд, ки аз киштии мусофирбар берун оварда шуданд. Киштие, ки дар Ҷопон ба карантин гирифта шуда буд. Сарфи назар аз ин ҳолат, баъзе аз шаҳрҳои бузурги ИМА ба густариш ёфтани вирус омода мешаванд.

Трамп ба маҳзи баргаштан аз сафари Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе расонаҳо ва демократҳоро дар бузург нишон додани хатари вирус айбдор кард. Демократҳо дар навбати худ Трампро дар кам кардани буҷаи Маркази назорат ва огоҳисозии бемориҳо айбдор карданд. Демократҳо мегӯянд, 2,5 миллиард долларе, ки Трамп барои муқобила бо вирус дархост кардааст, кофӣ нест. Намояндагони порлумони Амрико пешниҳод доранд, ки буҷаи мубориза зидди вируси нав ду баробар бештар карда шавад.

XS
SM
MD
LG