Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз эҳтимоли истирдод шудани Ҳизбулло аз Австрия ба Душанбе


Ҳизбулло Шовализода

Намояндагони мухолифини тоҷик дар берун аз кишвар мегӯянд, Австрия (Утриш) тасмим гирифтааст, ки паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбулло Шовализодаи 29-соларо ба Душанбе фиристад. Вай аз 22-юми январ боз дар боздоштгоҳ аст.

Мухолифон аз додани ин паноҳҷӯ ба Тоҷикистон дар ташвишанд ва мегӯянд, дар он ҷо ба ӯ шиканҷа ва бадрафторӣ хоҳанд кард. Онҳо аз мақомоти Австрия хостаанд, тасмими худро бознигарӣ кунанд.

Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик дар хориҷ, рӯзи 27-уми феврал гуфт, Шовализода баҳори соли гузашта барои дарёфти паноҳандагӣ ба Австрия омадааст ва расман узви ягон ҳизбу созмон нест. “Вале, ба гуфтаи худаш, тарафдори ақидаҳои Паймони миллии Тоҷикистон будааст”, -- афзуд Одинаев.

Интизор меравад, Ҳизбулло Шовализодаро рӯзи 4-уми март аз Австрия ба Душанбе фиристанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифон дар берун аз кишвар, дар "Твиттер" аз он нигаронӣ кардааст, ки аллакай билети Ҳизбуллоро харидаанд.

Вайсиддин Одинаев мегӯяд, як сабаби дастгир шудани Ҳизбулло Шовализода рад шудани дархости паноҳандагияш дар Австрия мебошад. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон ӯро таҳти ҷустуҷӯ гузоштаанд ва ба ифротгароӣ муттаҳам кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Моҳи сентябри соли 2019 мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯи тоҷик Мустафо Ҳаётовро ба кишвар фиристоданд.

Ҳаётов узви фаъоли "Гурӯҳи 24" буд ва пас аз баргаштан дар видеое, ки маълум нест дар чӣ шароит забт шудааст, гуфт, вазъаш хуб мебошад

Пас аз соли 2015 мақомоти Тоҷикитон номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои сиёсиро, ки фаъолияташон дар кишвар манъ шудааст, ба рӯйхати касони ҷустуҷӯшаванда дароварданд.

Созмонҳои пуштибони ҳуқуқи башар мегӯянд, “ҳукумати Тоҷикистон чун ҳамешагӣ мухолифони худро дар берун аз марзҳо бо истифода аз гуноҳҳои ангезаҳои сиёсӣ дошта, таҳдид ва дастгир мекунад”.

XS
SM
MD
LG