Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, дар соли гузашта бештар аз 10 ҳазор ғайринизомӣ дар ин кишвар куштаву захмӣ шудаанд. Бар асоси гузориши созмон, ки рӯзи 22-уми феврал нашр карданд, аз ин миён бештар аз 3400 нафар ҷон додаанд ва тақрибан 7 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Созмони Милал, шаш соли пайиҳам аст, ки теъдоди осебдидагон ва қурбониён дар ҷанги Афғонистон аз 10 000 нафар зиёд мешавад. Аммо дар муқоиса ба соли 2018, теъдоди осебдидагон дар соли 2019 5 дар сад камтар шудааст.
Тадамичӣ Ямамото, раиси Дафтари Созмони Милал гуфт, “Муноқишаҳои мудавом ба тамоми ғайринизомиён дар Афғонистон ба навъе асар кардааст.” Ӯ аз тамоми тарафҳо хост, “бо истифода аз фурсат ҷангро бас кунанд.”
Рӯзи 22-уми феврал дар Афғонистон созиши байни Амрико ва Толибон барои коҳиши хушунат барои як ҳафта ба иҷро даромад. Қарор аст, ду тараф барои хотимаи ҷанги тӯлонӣ дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон рӯзи 29-уми феврал созиши сулҳ имзо кунанд.