Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон иди картошкаро ҳам ҷашн мегиранд. Баъзеҳо мухолифанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон иди нави картошкаро ташкил кардаанд, ки бори аввал дар ҷашни имсолаи Наврӯз дар Хуҷанд таҷлил хоҳад шуд. Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 12-уми феврал навишт, дар ин бора дар дастури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид шудааст.

Ҳамзамон бо иди картошка иди асалу нон ва лола таҷлил хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастур додааст, ки кишоварзони вилояти Суғд дар панҷ соли оянда ҳосили картошкаро дар минтақа то 1 миллион тонна дар сол расонанд.

Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24-уми март таҷлил мешавад. Соли 2017 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур дода буд, ки духтарони донишҷӯ аз 1-уми март сар карда, ба дарс бо либоси миллии атласу чакан бираванд.

Чанд сол боз дар Тоҷикистон ба ҷуз аз идҳои бостонии Наврӯз, Меҳргон ва Сада, боз ҷашнҳои дигаре чун Иди каду, ангур, асал ва харбуза баргузор мешавад. Дар оғози ҳафта раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, дар фасли "чиллаи тобистон ҷашни Тиргон ё даъвати борон баргузор карда шавад".

Мунтақидон мегӯянд, азбаски дар кишвар мушкилот зиёд аст, мақомот мехоҳанд, бо таҷлили чунин ҷашнҳо таваҷҷуҳро ба самти дигар бикашанд. Бархеи дигар мақомотро барои, ба гуфтаи онҳо, харҷҳои беҳуда танқид мекунанд ва пешниҳод доранд, ҳукумат ба ҷойи ингуна маъракаҳо беҳтар ба аст ҷойҳои корӣ биофаранд ва вазъи зиндагии мардумро беҳбуд бахшад.

Аммо мақомот баргузории чунин иду ҷашнҳоро барои рушди ин соҳаҳо муҳим мешуморанд.

XS
SM
MD
LG