Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни 23-солаи Қодиров раиси Шӯрои амнияти Чеченистон шуд


Ҳамзат Қодиров, раиси Шӯрои амнияти Чеченистон.
Ҳамзат Қодиров, раиси Шӯрои амнияти Чеченистон.

Ҳамзат Қодирови 23-сола, бародарзодаи роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров раиси Шӯрои амнияти Чеченистон таъйин шуд. То ин замон вай раиси ноҳияи Курчалоеви Чеченистон буд.

Дар ин бора наздикони Рамзан Қодиров тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Баъди он ки ин хабарро расонаҳо бознашр карданд, наздикони Қодиров навиштаашонро аз шабакаҳо пок намуданд.

Мақомоти Чеченистон таъйин шудани Ҳамзат Қодирови 23-сола​ро ба мақоми раисии Шӯрои амният рад накарданд, аммо ҳамзамон нахостанд, ин хабарро шарҳ диҳанд.

Ҳамзат Қодиров Мактаби Сентароеви ҳофизони Қуръон ва факултаи идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Чеченистонро хатм кардааст. Аз соли 2018 то чанде пеш вай раиси ноҳияи Курчалоев буд.

Раисии Шӯрои амният - яке аз дигар мақомҳоест, ки наздикони Қодиров ба он таъйин мешавад. Зулай Қодирова (Закриева), хоҳари Рамзан Қодиров ёвари роҳбари Чеченистон аст, Зарган - хоҳари дигари Қодиров ёвари роҳбари ҷумҳурӣ дар умури таҳсилоти томактабӣ аст. Ҳамзамон ҳамсар, бародарзодагон, хоҳарзодагон, шавҳарони хоҳарони Қодиров мансабҳои мухталифи Чеченистонро соҳиб ҳастанд.

XS
SM
MD
LG