Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи автобуси ҳомили 20 мусофир дар наздикии Тошканд


Рӯзи 2-юми феврал дар роҳи мошингарди ҳалқавии шаҳри Бекободи наздикии Тошканди Узбекистон автобуси ҳомили 20 мусофир садама кард. Дар натиҷа 4 мусофири автобус ба бемористон интиқол шуд.

Маркази матбуотии Раёсати тафтишотии ВКД Узбекистон хабар дод, ки автобус дар натиҷаи корношоям шудани чархҳояш садама кардааст.

Автобус аз шаҳри Бекобод ба шаҳри Ширини вилояти Сирдарё ҳаракат мекард.

Аз рӯи ин ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии раёсати корҳои дохилии шаҳри Бекобод тафтиш мебарад.

XS
SM
MD
LG