Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Помпео: "Ҳамкори бо ширкатҳои амрикоӣ натиҷаи хубтар хоҳад дод"


Майк Помпео, Вазири корҳои хориҷии Амрико дар Қазоқистон
Майк Помпео, Вазири корҳои хориҷии Амрико дар Қазоқистон

Майк Помпео, Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо дилхоҳ кишвар озод аст, вале шарикӣ бо ширкатҳои амрикоӣ "натиҷаи хубтар хоҳад дод".

Ӯ ин ҳарфро дар шаҳри Нур-Султон, пойтахти Қазоқистон зимни сафари кориаш баён дошт.

Майк Помпео дар сӯҳбат бо Мухтор Тлеубердӣ, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон таъкид кард, ки ширкатҳои амрикоӣ "ташкили ҷойҳои корӣ, шаффофияти шартномаҳо, ӯҳдадориҳои баробар ва сифати кориро кафолат медиҳанд".

Зимнан, Помпео аз Чин даъват кард, ки таъқиби уйғурҳо ва қазоқтаборонро қатъ кунад.

Ҳазорон уйғур ва қазоқтабор дар Чин дар лагерҳои вижа ва дар шароити сахт нигаҳдорӣ мешаванд.

Қарор аст, Помпео дар иддомаи сафараш ба Қазоқистон ва Узбекистон ҳам равад. Рӯзи 3-юми феврал дар Тошканд мулоқоти ӯ бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG