Украина мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бори дигар “дастгирии пурра”-и худро барои баргадонидани "тамомияти арзии” кишвар тасдиқ кардааст. Ин дар ҳолест, ки Киев дар ҷанги марговар дар минтақаҳои шарқии Донетск ва Луҳанск бо нерӯҳои аз тарафи Русия пуштибонишуда меҷангад.
Вазорати корҳои хориҷии Украина рӯзи 31-уми январ дар изҳороте гуфт: “Майк Помпео бовар кунондааст, ки Иёлоти Муттаҳида Украинаро дар пешгирӣ аз таҷовузи Русия ва барқарор кардани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина пурра дастгирӣ мекунад.”
Ин изҳорот пас аз дидори дипломати баландпояи кишвар Вадим Пристайко бо вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео садо дод.
Помпео дар ҷараёни сафараш ба Киев инчунин бо президент Владимир Зеленский ва дигар мақомоти баландпояи Украина дидор хоҳад кард, чун Вашингтон мехоҳад пуштибонии худро аз Украина нишон диҳад. Киев аз Вашингтон дар баробари ёриҳои аврупоӣ, дастгирии дипломатӣ ва кумаки низомӣ, барои харидани мушакҳои зидди танкии Ҷавелин ва таҷҳизоти дигар дар ҷанг умедвор аст.
Помпео баландтарин мансабдори ИМА аст, ки пас аз оғози раванди таҳқиқи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп ба Украина меояд. Демократҳо Трампро дар сӯиистифода аз ваколатҳояш айбдор мекунанд, ки бо роҳи доштани кумаки низомии аз ҷониби Конгресс қабулшуда ва даъвати президент Зеленский ба Кохи Сафед ба Украина фишор овардааст, то рақиби сиёсиаш Ҷо Байденро таҳқиқ кунад.