Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳои амрикоӣ талаби қатъи парвозҳо ба Чинро доранд


Эътилофи халабонҳои ширкати ҳавопаймоии American Airlines ширкатро ба додгоҳ кашида, талаб дорад, ки ба далели хуруҷи вируси нав дар Чин парвозҳо ба ин кишвар ба муҳлати номуайян қатъ шаванд. Эътилофи меҳмондорони ҳавопаймоҳо низ ба ин талаб изҳори ҳамраъйӣ кардааст.

American Airlines - бузургтарин ширкати ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон - ҳамарӯза ба Чин чанд парвоз анҷом медиҳад. Раиси эътилофи коргарон ба халабонҳо пешниҳод кард, ки аз парвоз ба Чин худдорӣ варзанд. American Airlines парвоз ба Пекин ва Шанхайи Чинро аз Лос-Анҷелоси ИМА сар аз 1-уми феврал қатъ мекунад. Аммо парвозҳо аз Даллас ба Чин ҳамоно идома хоҳанд кард. Эътилофи меҳмондорони ҳавопаймоҳо аз роҳбарияти ширкат ва ҳукумати Амрико даъват кард, ки "аз эҳтиёт кор гиранд ва парвозҳои ба Чинро комилан қатъ кунанд".

Ду ширкати дигари ҳавопаймоии амрикоӣ - United Airlines ва Delta - порвозҳо ба Чинро якбора кам карданд. Чанд ширкати ҳавопаймоии дигари кишварҳои мухталиф, аз ҷумла British Airways, Lufthansa, Virgin Atlantic ва Air France парвоз ба Чинро комилан қатъ намуданд.

Рӯзи панҷшанбе департаменти давлатии ИМА расман ба шаҳрвандони Амрико тавсия дод, ки аз сафар ба Чин худдорӣ варзанд.

XS
SM
MD
LG