Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Президент мегӯяд, бачаҳо дарс хонанд, аммо дар куҷо хонанд?" ВИДЕО


Деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш 320 хоҷагӣ ва 500 хонандаи мактаб дорад. Ба сабаби набудани мактаб дар онҷо, кӯдакон аз 6 то 18 километр роҳро тай карда, барои дарс хондан ба деҳоти ҳамсоя мераванд. Роҳе, ки ба гуфтаи волидон бар иловаи дурӣ ноҳамвор ва пур аз обу лой аст. Мақомоти ноҳияи Вахш мегӯянд, мушкили сокинонро медонанд, вале касе ҳозир нашуд, дар назди микрофон суҳбат кунад.

Сабоҳат Камолова, сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш рӯзи 30-юми январ гуфт, мақомот ба ҷойи ҳалли мушкил ӯро бо гуноҳи ҳозир нашудани кӯдаконаш ба дарс ҷарима бастаанд. "Дар роҳ ба мактаб сагҳои чӯпонӣ ҳаст. Баъзан бачаҳо рафта наметавонанд. Маро ба додгоҳ кашиданд ва 150 сомонӣ ҷарима карданд," -- нақл кард ӯ.

Аз 7 фарзанди Ҷумъагул Ашӯрова, сокини деҳаи Иттифоқ, танҳо ду нафар ба мактаб мераванд.

Ӯ гуфт: "Ин ду фарзандам аз савод дур намонем гуфта, ба хонаи бобову бибияш рафтанд. Як духтарам нобино шудааст ва ба мактаб рафта наметавонад. Агар дар деҳаи мо ҳам бунгоҳи тиббӣ ва мактаб мебуд, кудаконро табобат мекардем ва онҳо дарс мехонданд. Дар роҳ ба мактабе, ки аз деҳаи мо 9 километр дур аст, одамони бегона духтарони моро таъқиб кардаанд. Онҳо ба даруни пахтазор гурехта, халос шудаанд."

Деҳаи Иттифоқи ҷамоати “20 солагии Истиқлол”-и ноҳияи Вахш шаш сол пеш бунёд шудааст. Сокинон мегӯянд, аз набудани бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва роҳи обод зиндагии сахт доранд.

Бо рафтани хабарнигори мо ба деҳа сокинон ҷамъ омаданд, то садояшонро ба идораҳои масъул расонанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Президент мегӯяд, бачаҳо хонанд, дар куҷо хонанд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Зебонисо Лолахонова, сокини деҳаи “Иттифоқ” яке аз онҳо буд, ки гуфт: "Шароит надорем, ки.... мошин аз роҳҳо гузарад. Мо чӣ хел беморонро ба шифохона барем? Занҳои ҳомиларо то ба беморхона мебарем, ки баъзан дар роҳ таваллуд мекунанд. Кӯдакон аз мактаб дур мондаанд. Боз президент мегӯяд, ки фарзандон хонанд. Дар куҷо хонанд? Дар оғилҳо?"

Сокинони деҳа мегӯянд, борҳо ба мақомоти ноҳия муроҷиат кардаанд, вале вазъашон беҳтар нашуд. Садбарг Исоева, сокини деҳаи Иттифоқ мегӯяд, "мақомот мегӯянд, мактаб мекунем, аммо ба воситаи ҳашар. Мо шароит надорем, боз аз куҷо ба ҳашари онҳо ёрӣ кунем? Сел омада, ҳама чизи моро шуста бурд, касе ёрӣ накард ба мо."

Мақомоти ноҳия гуфтанд, мушкили сокинонро медонанд, вале касе ҳозир нашуд, дар назди микрофон суҳбат кунад.

Қаблан масъулони раёсати маорифи Хатлон гуфта буданд, ки бар асоси барномаи давлатӣ бояд дар ҳамаи деҳаҳо мактаб сохта шавад. Вале эътироф мекунанд, ки барнома хеле ба кундӣ иҷро мешавад.

Диловар Исозода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфт, “инҳо ҳатман дар барномаи давлатӣ ширкат доранд. Вобаста ба маблағгузорӣ ин кор бояд шавад. Мутаассифона, иҷрои барномаи давлатӣ қонеъкунанда нест. Ин вобаста ба маблағгузорӣ аст. Иҷрои барнома 13 дарсадро ташкил медиҳад."

Бар асоси барнома дар вилоят бояд 566 мактаб, аз ҷумла 231 мактаб дар деҳоти навбунёд сохта шавад. Сокинон намедонанд, ин барнома кай иҷро мешавад. Аммо кӯдакон, ки аз нақшаву иҷрои он дарак надоранд, гоҳе аз шавқ ба мактаб мераванду гоҳе аз дурии роҳ намераванд.

Ин вазъият танҳо хоси деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш нест. Дар гузашта вазъи чанде аз чунин деҳаҳои бе мактабу роҳ, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат, расонаӣ шудааст. Барои ҳалли мушкили мардум баъзан муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ ва бархе тавонмандон кумак мекунанд, вале сокинон мегӯянд, ҳамаи ин кофӣ нест.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG