Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи ранг кардани лаб барои духтарони донишҷӯ дар Покистон баҳс барангехт


Ба духтарони як донишгоҳи Покистон, дар минтақаи Кашмир, сурх кардани лаб манъ шудааст. Маъмурияти Донишгоҳи "Кашмири Озод" бо нашри огаҳие гуфтанд, духтароне, ки лаби худро ранг мекунанд, сад рупия ё 65 сент ҷарима хоҳанд супурд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин тасмимро бахши дигаре аз маҳдудиятҳои ҳуқуқи занон дар Покистон номиданд.

"Тасмими масхараомез"

Ин огаҳӣ 21-уми январ нашр шуд ва аз ҳамон замон боис ба эҷоди баҳсу баррасиҳои интиқодӣ гашт. Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар баҳси донишомӯзону фаъолони ҳуқуқ ин тасмим ҳамчун нақзи ҳуқуқи донишҷӯён маҳкум шудааст. Дар шабакаҳо фаъолон ин тасмимро ҳамчун зарбаи навбатӣ ба ҳуқуқи занон дар як кишвари муҳофизакор сахт танқид кардаанд.

Зоҳиран баъди моҷарои бархоста рӯзи 27-уми январ маъмурияти донишгоҳ, ки қароргоҳаш дар шаҳри Музаффаробод аст, огаҳии худро бекор кард. Вале маҳдудияти кӯтоҳмуддат талоши навбатии мақомот барои ҷорӣ кардани шеваи пӯшиши исломӣ дар мактабу донишгоҳҳои Покистон ва Кашмир аст, ки аксари сокинонаш мусалмон мебошанд.

Як омӯзгори донишгоҳ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, далели маъмурияти донишгоҳ барои содир кардани чунин огоҳӣ ин буд, ки дар дохили синф ва утоқи дастшӯии занона бо "лабсурхкунак" матну наққошиҳои дағал кашида шуда буд. Аксҳое, ки омӯзгор ба Радиои Озодӣ фиристод, чандон рӯшан дида намешуд ва ҳам тасдиқи дурустии ин аксҳо имкон надорад.

Пешовар
Пешовар

Талошҳои донишгоҳ барои шарҳ додани сабабҳои қабул шудани чунин як қарор ҳам натавонист пеши роҳи мавҷи интиқодҳоро бигирад. Як сенатори покистонӣ Шеррӣ Раҳмон навишт: “Наход ин рост бошад? Магар маъмурияти донишгоҳ кори беҳтари дигаре надорад, ки нирӯяшро ба он равона кунад?”

Aurat March, ки гурӯҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занонро муттаҳид мекунад гуфт, "чунин иқдомҳои пасраванда аз ҷониби сохторҳое, ки бояд дар асл пойгоҳи озодиҳо бошанд, ташвишовар ҳастанд ва ҳуқуқи бунёдии донишҷӯёнро нақз мекунанд."

Хабарнигори шабакаи GNN TV Асғар Ҳаёт маҳдудияти ранг кардани лабро "як тасмими фавқулода масхараомез" номид. Ӯ гуфт, "маъмурият ба ҷойи ин ки ба ҷавонҳои мо маълумоти босифат бидиҳад, доштани лабсурхкунакро манъ мекунад."

Як фаъоли дигари ҳуқуқ Алӣ Кашмирӣ гуфт, ин амал "як ҳамлаи дигар ба озодии интихоб мебошад".

Баҳси ҳиҷоб

Манъи кӯтоҳмуддати ранг кардани лаб яке аз охирин талошҳои маъмуриятҳои мактабу донишгоҳҳо дар Покистон барои мудохила ба ҳаёти ҷавонон мебошад. Дар баъзе аз муассисаҳои дигари таълимӣ талош карданд, ки духтаронро аз писарон ҷудо карда, нисбат ба духтарони донишҷӯ муқаррароти шадиди либоспӯшӣ ҷорӣ кунанд.

Моҳи сентябри соли 2019 мақомот дар минтақаи шимолуғарби Хайбар Пахтунхва амрҳое содир карданд, ки бар асоси он духтарони мактабхон дар ду шаҳри маҳаллӣ бояд сарашонро панаҳ кунанд.

Мақомоти маориф дар шаҳри Пешовар дастуре қабул карданд, ки дар он ба маъмурияти мактабҳои давлатии духтарона гуфта мешавад, "ҳамаи донишҷӯҳоро барои пӯшонидани худ бо чодару ҳиҷоб ба хотири ҳимояташон аз ҳама гуна ҳодисаҳои ғайриахлоқӣ раҳнамоӣ кунанд".

Дар идома гуфта шудааст, ин тасмим "хеле муҳим ва зарур" аст.

Раёсати маорифи ноҳия дар шаҳри Ҳарипур, ки ҳамчунин дар вилояти Хайбар Пахтунхва ҷойгир аст, пеш аз ин айнан чунин қароре қабул карда буд.

Ҳамаи ин қарорҳо боис ба эҷоди баҳсу даъвоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд ва фаъолон инро ҳамчун зарбаи дигар ба ҳуқуқи занон маҳкум карданд. Вале бори дигар дар пайи эътирозҳои сартосарӣ, мақомот маҷбур шуданд қарорҳоро бекор кунанд.

XS
SM
MD
LG