Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Исроил барномаи сулҳ бо фаластиниҳоро ба Русия овард


Бенямин Нетаняҳу ва Владимир Путин
Бенямин Нетаняҳу ва Владимир Путин

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бо президенти Русия Владимир Путин дар Маскав вомехӯрад, то барномаи сулҳи Амрикоро барои Шарқи Наздик баррасӣ кунад. Дар оғози гуфтушунидҳо рӯзи 30-юми январ Нетаняҳу гуфт, мехоҳад бо Путин дар бораи роҳҳои ба ҳам овардани нерӯҳо барои расидан ба "сулҳ ва оромӣ" дар минтақа гуфтугӯ кунад.

Вай инчунин ба раҳбари Русия барои афв ба як шаҳрванди Исроил, ки дар Русия ба иттиҳоми маводи мухаддир зиндонӣ буд, изҳори сипос кард.

Нақшаи сулҳи Доналд Трамп, ки дар ҳафтаи равон эълон шуд, ба ситоишҳои Нетаняҳу рӯбарӯ шуд, аммо дар СММ ва Иттиҳоди Аврупо сард истиқбол шуда, хашми Фаластиниҳову дигаронро овард.

Ин нақша ба Исроил имкон медиҳад, ки ба Соҳили Ғарбӣ ва водии стратегии Урдун назорат кунад ва Байтулмуқаддасро "пойтахти тақсимнашаванда" эълон кунад.

Дар нақша инчунин аз эҳтимоли Фаластини мустақил ва пойтахташ Байтулмуқаддаси Шарқӣ сухан меравад, аммо як қатор шартҳое ҳастанд, ки бояд пеш аз ҳама аз ҷониби фаластиниҳо иҷро шаванд.

Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос фавран ин нақшаро ҳамчун ҷонибдори Исроил рад кард ва гуфт, мехоҳад гуфтушунидҳоро бо миёнаравҳои бетараф давом диҳад.

XS
SM
MD
LG