Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе туркманҳо филми мамнуи "Шабаҳи шаш"-ро тамошо карданд


Лаҳзае аз филми "Шабаҳи шаш".
Лаҳзае аз филми "Шабаҳи шаш".

Сокинони вилояти Лебапи Туркманистон, ки бо Узбекистон ҳамсарҳад аст, 21 январ филми "Шабаҳи шаш"-ро тамошо карданд. Ин филм сару садо ба бор оварда ва намоишаш дар Туркманистон манъ шудааст.

"Шабаҳи шаш"-ро телевизиони "Севимлӣ"-и Узбекистон нишон дод. Мавҷи телевизиони мазкур дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Лебапи Туркманистон дастрас аст. Мақомоти Туркманистон ба далели шабеҳ будани сюжаи филм ба воқеиятҳои Туркманистон намоиши онро дар кишвар манъ карданд.

Бинандаҳои филм гуфтанд, дар он номҳои туркманӣ, забони туркманӣ, рамзои давлатии Туркманистон дида мешавад.

"Бинандаҳо дар симои қаҳрамони асосӣ шахсияти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро шинохтаанд. Зеро қаҳрамони асосӣ тамоми қудратро дар ихтиёр мегирад, мардумро заҷр медиҳад, интернет ва расонаҳоро зери назорат дорад, ҳазорон одам дар ҷустуҷӯи нон ба хориҷ аз кишвар мераванд. Яъне ҳамаи рафторҳои ӯ Бердимуҳаммадовро ба ёд меоранд",-нақл кард як сокини Туркманистон.

Пештар аз ин мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон миёни сокинон маъракаҳои бадномсозии Ғарб, ба вижа ИМА-ро ба роҳ монда буданд. Он замон гуфта мешуд, филми амрикоии "Шабаҳи шаш", ки ҳаводис ва қаҳрамонҳои он Туркманистонро ба ёд меоранд, боиси шуруи маъракаи бадномсозӣ шудааст.

Гуруҳи махсуси иборат аз муовинони ҳокими вилоят, кормандони вазорати амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ, намояндагони додситонии Туркманистон бо мардум мулоқот ва зидди кишварҳои ғарбӣ таблиғот мебаранд. Ин мулоқотҳо дар мактабҳо ва хонаҳои фарҳангӣ ноҳияҳову шаҳрҳо баргузор мешаванд.

Мавзуи асосии гуфтугӯ дар ин мулоқотҳо баррасии филми амрикоии "Шабаҳи шаш" ("6 Underground") буд. Шоҳидон мегӯянд, мақомоти Туркманистон Амрикоро "душмани Туркманистон" унвон мекунанд.

"Касоне ки дар ин мулоқотҳо суҳбат мекунанд, аз Амрико ба унвони душмани давлати Туркманистон ёд мекунанд. "ИМА талош дорад, ки кишвари моро маҳв кунад. Возеҳ аст, ки онҳо ҳамаи талошро мекунанд, то эътирози мардумро бедор кунанд", мегӯянд мақомот", - хабар дод як шоҳиди ин мулоқотҳо.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидон, мақомоти Туркманистон кӯшиш доранд, пеши роҳи паҳншавии филмро дар дохили кишвар бигиранд. Вале сарфи назар аз ин, бинандагони филм меафзояд.

Дар филми амрикоӣ, ки 13-уми декабр ба намоиш даромад, ҷузъиёте ҳаст, ки Туркманистони муосирро ба ёд меорад. Мавзуи филм аз он иборат аст, ки як миллиардери амрикоӣ талош дорад, ба кишвари хаёлии Туркистон демократия орад ва диктатори ҷаббори онро маҳв кунад.

XS
SM
MD
LG