Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: ИМА стратегияи пешгирии Эрон, Русия ва Чинро барқарор месозад


Майк Пампео, котиби давлатии ИМА гуфт, аз байр бурдани Қосим Сулаймонӣ, генерали баландпояи эронӣ як ҷузъи стратегияи густардаи гирифтани пеши роҳи душманони Амрико буд ва ин стратегия Чину Русияро низ фаро хоҳад гирифт.

Помпео рӯзи душанбе ҳангоми суханронӣ дар донишкадаи Гувер зери унвони "Барқарорсозии сиёсати пешгирикунанда: намунаи эронӣ", суханронӣ кард.

"Душман бояд бифаҳмад, ки мо натанҳо тавони талаби посухи амалҳояшро дорем, балки метавонем онро анҷом низ бидиҳем",-изҳор дошт Пампео. Ӯ ҳамчунин ҳукумати президенти пешини ИМА Барак Обамаро барои имзои созишномаи ҳастаӣ дар соли 2015 бо Эрон танқид кард.

Ба гуфтаи котиби давлатии ИМА, ҳадафи стратегияи пешгирикунандаи Амрико танҳо Эрон нест. Ӯ интиқоли силоҳ ба Украина, маҳкум кардани Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу миёнапарвоз ва озмоиши мушакҳои амрикоии миёнапарвозро ҷузъе аз талошҳои стратегӣ нисбат ба Русия номид. "Мо мафҳуми пешгирикунандаро барқарор месозем", - афзуд Пампео.

XS
SM
MD
LG