Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон 10% "ҳаққи миёнарав" медиҳанд. Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? ВИДЕО


Чанде аз муҳоҷирони тоҷик дар ширкати "Атомстройкомплекс" дар Екатеринбург мегӯянд, як миёнрави тоҷик ҳар моҳ 10 дарсад маоши онҳоро мегирад. Ба иддаои ин муҳоҷирон, "нафаре, ки аз пардохти ҳаққи миёнрав сарпечӣ кунад, аз кор ронда ва ҳатто латту кӯб хоҳад шуд". Аммо миёнарави тоҷик мегӯяд, ин кор бо ризояти муҳоҷирон сурат мегирад.

"Корти бонкиро мегирад"

Пас аз расидани шикоят аз муҳоҷирон, Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми январ ҳадди ақал бо се муҳоҷири корӣ, ки дар сохтмонҳои ҷудогонаи ширкати "Атомстройкомплекс" кор мекунанд, ҳамсуҳбат шуд. Ному насаби муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ маълум аст, аммо бо дархости онҳо аз бурдани номашон худдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, ширкати "Атомстройкомплекс" коргаронро танҳо бо тавсияи шахсе бо номи Ҳоҷӣ Субҳон Раҳимов ба кор қабул мекунад. "Раҳимов кортҳои бонкиро гирифта, 10 дарсади маошро ҳар моҳ ҳамчун хизматона ва ё ҳаққи худ меситонад," -- шикоят карданд муҳоҷирон.

Ҷавоби миёнрав

Ҳоҷӣ Субҳон Раҳимов рӯзи 13-уми январ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, 10 дарсад маоши муҳоҷиронро мегирад, аммо ин бо ризояти худи онҳост. Раҳимов гуфт, 20 сол боз дар ширкати "Атомстройкомплекс" кор мекунад ва ӯ ҳоло расман масъули кормандони хориҷии ин ширкат аст.

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Субҳон Раҳимов, бар ивази ин 10 дарсади маош, ӯ ҳамаи санадҳои муҳоҷиронро дуруст мекунад, "пули патентро пардохта, назорат мекунад, ки муҳоҷирон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мушкил надошта бошанд ва корашонро идома диҳанд."

Муҳоҷирон мегӯянд, онҳо дар Екатеринбург дар биноҳои баландошёна "бетон" мерезанд, арматура васл мекунанд, аммо дар ниҳоят 10 дарсади маошашон ба кисаи каси дигар меравад. Яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфт, вақте бо тавсияи Ҳоҷӣ Субҳон Раҳимов ба кор пазируфта шуд, моҳи аввал ӯ корти бонкиашро мусодира кард.

"Эътироз кардам, аз кор ронданд"

"Фикр кардам, ки танҳо моҳи аввал ӯ 10 дарсади маошро мегирад. Аммо вақте пурсидам, ӯ гуфт ҳар моҳ ҳамин миқдор пулро мегирад. Мо дар сардии 30-40 дараҷа дар берун кор мекунем, бетон мерезем. Ҳоҷӣ Субҳон коре накарда, бо "Ленд крузер" меояду 10 фоизи маошро мегирад. Ростӣ, ба ман алам кард, тоқат накардам ба ин вазъият ва гуфтам, дигар пул намедиҳам. Маро аз кор ронданд", -- иброз дошт муҳоҷири тоҷик.

Муҳоҷирон вобаста ба корашон аз 50 то 80 ҳазор рубл меош мегиранд ва мутаносибан Раҳимов аз 5 то 8 ҳазор рубли онҳоро ҳар моҳ мегирифтааст. Муҳоҷирони дигар эътироф карданд, ки шӯъбаи кадрҳои "Атомстройкомплекс" танҳо бо ризояти Ҳоҷӣ Субҳон одамонро ба кор мегирад ва корҷӯёни дигар ба кор пазируфта намешаванд.

"Аз тоҷикону узбекҳо "ҳақ" меситонанд"

Коргарон исрор доранд, ки дар сохтмонҳо намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла озариҳову молдованҳо кор мекунанд ва аз онҳо касе "ҳақ" намеситонад, вале аз тоҷикҳову узбекҳо 10 дарсад гирифта мешавад.

Зимнан, муҳоҷирон Ҳоҷӣ Субҳон Раҳимовро як шахси тақводор тавсиф карда, гуфтанд, ки дар моҳи Рамазон ӯ ба муҳоҷирон хайру саховати зиёдеро раво мебинад, шабҳо барояшон ифтор медиҳад ва сафари ҳаҷ кардааст.

Ҳоҷӣ Субҳон Раҳимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бачаҳое, ки аз Тоҷикистон ба назди ман меоянд, на пуле барои патент доранд, на ҷойи хоб ва на хӯрок. Ин хароҷотро ман ба ӯҳда мегирам. То маош гирифтан пули патенти онҳоро месупорам, пули комиссияи тиббӣ ва хароҷоти сабтиномро медиҳам. Ин шахс расман сабтином шуда, ба кор оғоз мекунад ва баъди онки маош гирифт, бо розигии якдигар қарзи худро аз ӯ мегирам".

"Атомстройкомплекс" як ширкати азими сохтмонӣ дар минтақаи Урали Русия аст. Муҳоҷирон мегӯянд, танҳо дар сохтмонҳои ин ширкат дар Екатеринбург ҳудуди ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.

Ҳоҷӣ Субҳон Раҳимов мегӯяд, дар зери дасти ӯ, ҳоло 15 тоҷик кор мекунанд ва дар фасли тобистон шумори коргарон каме бештар мешавад.

"Миёнрав" чӣ масъулият дорад?

Ин танҳо ҳодисае нест, ки муҳоҷирони тоҷик аз пулситонӣ ва тамаъҷӯии миёнаравҳо шикоят доранд. Ҳафтаи гузашта як гурӯҳ аз ҳаммолон ва аробакашҳои маркази "Фуд Сити" аз Маскав ҳам ба Радиои Озодӣ шиква карда буданд, ки як гурӯҳе аз онҳо ҳар рӯз 400 рубл "ҳақ" меситонад.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, агар шахс ва ё ширкати миёнарав дар ҳалли масоили ҳуқуқӣ ва таҳияи санадҳои муҳоҷирон кумак кунад ва ё барои онҳо кор ёфта диҳад, ӯ бояд ҳаққи заҳмати худро бигирад.

"Бубинед, шахси миёнарав ва ё кафил кор меёбад ва ба худ ӯҳдадорӣ мегирад, ки пули кори муҳоҷиронро аз кордеҳ меситонад. Ин масъулияти бузург аст ва, алабтта, барои иҷрои ин кор ӯ 5 ё даҳ 10 дарсад пули кори иҷрошударо ҳақ дорад бигирад", -- иброз дошт ӯ.

Дар Тоҷикистон даромади ҳар чорумин хонавода аз ҳисоби муҳоҷират аст. Дар соли гузаштаи 2019 танҳо аз Русия ба гуфтаи Игор Лякин Фролов, сафири ин кишвар дар Душанбе, муҳоҷирон ба Тоҷикистон 3 миллиард доллар фиристодаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (17)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG