Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иқрор кард, ки иштибоҳан ва нохоста ҳавопаймои украиниро суқут додаст


Пас аз чандин рӯзи раддияҳо Эрон иқрор кард, ки "нохоста" ҳавопаймои украиниро сарнагун намудааст. Фоҷиа дар асари "иштибоҳи инсонӣ" рӯзи 8 январ ҷони 176 нафарро рабуд.

Дар изҳороте, ки телевизиони давлатии Эрон рӯзи 11 январ пахш намуд, гуфта мешавад, ҳавопаймо дар ҳоле суқут дода шуд, ки бо тоб хӯрданаш ба самти "маркази ҳассоси ҳарбӣ", мансуб ба Сипоҳи Посдорони Инқилоб "ҳадафи душман" пиндошта шуд ва мавриди ҳамла қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки ҳарбиён дар авҷи хусуматҳо бо Иёлоти Муттаҳида дар "баландтарин ҳолати омодабош" қарор доштанд. Бино бар ин изҳорот, онҳое, ки дар ҳалокати одамон гунаҳкоранд, "фавран" муҷозот хоҳанд шуд.

Бо вуҷуди иқрори иштибоҳ Эрон талош кард, бахше аз гуноҳро бар дӯши Иёлоти Муттаҳида гузорад. Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷаводи Зариф гуфт, тасодуф дар авҷи "бӯҳрони эҷодшуда зимни моҷароҷӯии ИМА" ба вуқӯъ пайваст.

"Рӯзи таассуфбор. Натиҷагириҳои пешакии таҳқиқи Нерӯҳои Мусаллаҳ нишон доданд, ки иштибоҳи башарӣ ба иллати моҷароҷӯии ИМА ба фоҷиа расонд,"-- навишт Зариф дар Twitter.

"Дареғи амиқи мо, маъзарат ва ҳамдардӣ ба мардуми мо, ба хонаводаҳои ҳамаи қурбониён ва ҳамаи кишварҳои марбут. Президент Руҳонӣ дар Twitter воқеаро "як фоҷиаи бузург ва иштибоҳи нобахшиданӣ" унвон кард.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, кишвараш хостори таҳқиқи пурра, қабули комили ҷурм ва дарёфти ҷуброн аст. Ин изҳороти ӯ пас аз эътирофи тарафи Эрон садо дод.

Пештар сабаби сарнагунии ҳавопаймои "Boeing 737​"-и мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Украина дар Эрон "мушкили фаннӣ" унвон шуда буд. Ин фарзияро, инчунин, муфаттишони эронӣ тасдиқ карда, гуфтанд, ки бар асоси арзёбиҳои ибтидоӣ муҳаррики ҳавопаймои мусофирбар вайрон шудааст.

Вале 9 январ расонаҳо гуфтанд, бино бар нишондодҳои моҳвораӣ, радар ва иттилооти электронӣ шабакаи дифои зиддиҳавоии Эрон тасодуфан ҳавопаймои "Boeing 737-800​"-ро суқут додааст.

Соате пас аз иқрори Эрон Ҷастин Трюдо, сарвазири Канада хостори шаффофият ва иҷрои адолат шуд.

Ҷастин Трюдо, сарвазири Канода дар нахустин вокуниши байналмилалӣ ба иқрори Теҳрон ба иштибоҳаш гуфт, “ин ҳодиса фоҷеаи миллӣ аст ва ҳама конодоиҳо мотам доранд”.

Ӯ хостори иҷрои адолат барои тамоми хонаводаҳо ва бозмондагони қурбониёни ин ҳодисаи маргбор шуд.

Сарвазири Канада аз нахустин мақомдорони ғарбӣ буд, ки рӯзи 9-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Мо аз чанд манбаъ иттилоъ дорем, аз кишварҳои гуногун ва созмони иктишофии худамон, ки ҳавопаймо бар асари партоби як мушаки замин ба ҳавои эронӣ суқут кардааст." Нахуствазири Канада гуфт, шояд ин кор "барқасдона" набудааст. Фоҷиа чанд соат баъд аз партоби мушакҳо ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ рух дод.

Ҳавопаймои Boeing 737 рӯзи 8-уми январ чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи Теҳрон ба замин сарозер шуд.

Ин ҳавопаймо бо 176 сарнишинаш ба самти Киев парвоз мекард. Ҳамаи мусофирон, аз ҷумла ҳайати халабонҳо ҷон бохтанд. Онҳо шаҳрвандони Эрон, Канада, Шветсия, Афғонистон, Бритониё, Олмон ва Украина буданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG