Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти ИМА ва Канада: Ҳавопайморо Эрон иштибоҳан зад. Теҳрон: Ин "овозаи пуч" аст


Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, эълом кард, ки ҳавопаймои украинӣ бо зарбаи мушаки Эрон дар Теҳрон сарнагун карда шудааст. Ӯ рӯзи 9-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Мо аз чанд манбаъ иттилоъ дорем, аз кишварҳои гуногун ва созмони иктишофии худамон, ки ҳавопаймо бар асари партоби як мушаки замин ба ҳавои эронӣ суқут кардааст." Нахуствазири Канада гуфт, шояд ин кор "барқасдона" набудааст, вале афзуд, "ниёз ба таҳиқоти наву зуд дар ин замина вуҷуд дорад". Аз ин пеш мақомоти амрикоӣ гуфтанд, онҳо бар ин боваранд, ки ҳавопаймои "Boeing 737​"-и ширкати ҳавопаймоии Украина, ки дар Эрон суқут кард, иштибоҳан бо мушаки Эрон сарнагун карда шудааст. Вале мақомоти Эрон ин хабарҳоро қатъиян рад карданд.

Ҳавопаймо рӯзи 8-уми январ чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи Теҳрон ба замин сарозер шуда, дар натиҷа 176 сарнишини он ба ҳалокат расиданд.

Фоҷиа чанд соат баъд аз партоби мушакҳо ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ рух дод.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида бе зикри ном ба расонаҳо мегӯянд, онҳо бино бар нишондодҳои моҳвораӣ, радар ва иттилооти электронӣ мутмаинанд, ки шабакаи дифои зиддиҳавоии Эрон тасодуфан ҳавопаймои "Boeing 737-800​"-ро суқут додааст.

Нашрияи Newsweek ба нақл аз мансабдори аршади иктишофотии Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин иттилои мақоми иктишофии Ироқ гуфтааст, онҳо бар ин боваранд, ки ҳавопаймои украинӣ бо мушаки Tor-и истеҳсоли Русия ҳадаф қарор дода шудааст.

Шабакаи телевизионии CBS News мегӯяд, моҳвора ду ҷарақаи инфрасурхи партоби мушакро пеш аз дурахши инфиҷор сабт кардааст.

Аммо раҳбари ҳавонавардии мулкии Эрон дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters ин гуфтугӯҳоро "овозаҳои пуч" номид ва рад кард.

Вазорати дифои Амрико аз шарҳи ин маълумот худдорӣ намуд, лек президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, нисбат ба садама "шубҳа" дорад, зеро "ҳавопаймо дар ноҳияи ба андозаи кофӣ мураккабе парвоз мекард ва ягон кас мумкин аст, иштибоҳ карда бошад."

"Баъзе одамон мегӯянд, фаннӣ буд. Шахсан ман фикр намекунам, ки аслан чунин бошад", -- афзуд Трамп ва изофа кард, ки "чизи ваҳшатноке рӯй дод".

Пештар сабаби сарнагунии ҳавопаймои "Boeing 737​"-и мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Украина дар Эрон "мушкили фаннӣ" унвон шуд. Дар ин бора ба хабаргузории "Рейтерз" панҷ манбаъ дар истихбороти Амрико, Канада ва як кишвари аврупоӣ иттилоъ дода буданд.

Ин фарзияро, инчунин, муфаттишони эронӣ тасдиқ карда, гуфтанд, ки бар асоси арзёбиҳои ибтидоӣ муҳаррики ҳавопаймои мусофирбар вайрон шудааст. Ҳавопаймои Boeing 737, ки ба ширкати ҳавопаймоии Украина мутааллиқ буд, рӯзи 8-уми январ чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи Теҳрон ба замин сарозер шуд.

Ин ҳавопаймо бо 176 сарнишинаш ба самти Киев парвоз мекард. Ҳамаи мусофирон, аз ҷумла ҳайати халабонҳо ҷон бохтанд. Украина рӯзи 9-уми январ мотами миллӣ баргузор кард.

138 мусофир бо ин ҳавопаймо мехостанд то Киев расида, баъдан ба шаҳрҳои дигар парвоз кунанд. Дар миёни қурбониҳо 63 шаҳрванди Канада буданд. Нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо дар робита бо ҳалокати шаҳрвандонаш ба наздикони онҳо изҳори таслият гуфт.

"Онҳо дигар ба хонаҳо, назди дӯстону ҳамкорон ва оилаҳояшон дигар барнамегарданд. Навхонадорҳо, хонаводае иборат аз чаҳор нафар, модар ва ду духтараш, донишҷӯёни боистеъдод, кормандони содиқи донишгоҳҳо... Онҳо аз зиндагӣ умеди зиёд доштанд. Дарди шумо тасаввурнопазир аст. Ин фоҷеаи даҳшатнок аст," – афзуд ӯ.

Дар ин ҳавопаймо шаҳрвандони Эрону Шветсия, Афғонистон, Бритониё, Олмон ва Украина ҳам буданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский баъд аз шунидани ин фоҷиа истироҳаташро дар Умон қатъ кард ва ба хона баргашт. Вай як рӯз баъди ҳодиса дар Киев гуфт, давлат омодааст ба оилаҳое, ки хешовандони худро дар ин фоҷиа гум кардаанд, «ҳама гуна ёрии даркориро расонад». Зеленский огоҳ кард, ки ин фоҷиа “мавзӯе нест барои расонаҳои иҷтимоӣ ва ҳангомаву шӯрандозӣ.”

Аз он пеш ӯ дар муроҷиати телевизионӣ ба мардум ваъда дод, ки ҳатман ин қазия таҳқиқ мешавад: “Бешубҳа, дар навбати аввал Украина бояд сабабҳои суқути ҳавопайморо дақиқ кунад. Мо ҳатман ҳақиқатро ошкор мекунем. Як таҳқиқи мӯшикофонаи мустақил бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ барпо мешавад.”

Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ қаблан гуфтанд, ки ҳавопаймо сеюним сол пеш истеҳсол шуда, ташхиси нақшавиро рӯзи 6-уми январи имсол гузашта буд ва ҳеч мушкили фаннӣ надошт.

Созмони ҳавопаймоии шаҳрвандии Эрон рӯзи 9-уми январ гуфт, далелҳои аввалини шоҳидони дар замин ва ҳавопаймои гузаштаистода нишон медиҳанд, ки ҳавопаймои украинии PS 752 месӯхт ва пеш аз сарнагунӣ ба самти фурудгоҳ баргаштааст.

Пурраву дақиқ набудани сабабҳои сарнагунии ҳавопаймо, ки чанд соат пас аз ҳамлаҳои мушакӣ ба нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ рӯй дод, тахминҳоеро ба миён оварда, ки ба ҳавопаймо метавонад ҳамла шуда бошад.

Муфаттишони украинӣ, ки 45 нафари онҳо рӯзи 9-уми январ ба Теҳрон рафтанд, гуфтанд, ки онҳо дар ҷустуҷӯи шикастапораҳои ҳавопаймо дар ҷойи сарнагун шуда мебошанд, то аз ҷумла эҳтимоли ҳамлаи мушакӣ ё терроризм будани ҳодисаро муайян кунанд.

XS
SM
MD
LG