Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон аз муҳоҷиронаш дар Туркия талаб дорад, баргарданд


Дар вилояти Лебапи Туркманистон кормандони пулис ба наздикону пайвандони онҳое фишор меоранд, ки ғайриқонунӣ ба Туркия рафтаанд.

"Аз наздикони туркманистониҳое, ки баъди ба поён расидани муҳлати раводидашон дар Туркия мондаанд, талаб мешавад, то пайвандонашонро ба ватан баргардонанд. Онҳоро таҳдид мекунанд, ки агар барнагарданд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд",-иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи хабарнигор, кормандони пулис маълумот дар бораи туркманистониҳои муқими Туркияро аз Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар дарёфт мекунанд. "Онҳоро ҳамчунин ҳушдор медиҳаанд, ки дар оянда сафари шаҳрвандони Туркманистон ба Туркия мушкилтар хоҳад шуд", - изҳор дошт хабарнигор.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони радио, кормандони пулис гуфтаанд, аз аввали моҳи январ ба ин сӯ шумори зиёди туркманистониҳо барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун дар Туркия боздошт шудаанд.

Талоши навбатии мақомоти Туркманистон барои баргардонидани муҳоҷирони худ аз Туркия бо хабари расонаҳои туркӣ дар мавриди боздошти дастаҷамъии туркманистониҳо рост омад.

XS
SM
MD
LG